Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Боярский мубталои коронавирус шуд: ӯро ба бемористон интиқол доданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАктер Михаил Боярский
Актер Михаил Боярский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Обуна шудан
Овозхони рус ва Ҳунарманди мардумӣ моҳи январ алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифт, вале як моҳ пас бо нишонаҳои ин дард бистарии бемористон шуд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Михаил Боярский бори дуюм маризи коронавирус гардида, феълан дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав қарор дорад, менависад Комсомолская правда.
Ба иттилои манбаъ, ҳунарманд ва овозхони саршинос бо нишонаҳои коронавирус ба беморхона интиқол дода шуд.
Гуфта мешавад, ин ҳунарманд аллакай давоми 7 рӯз мариз аст ва пизишкон ахиран тасмим гирифтанд, ки ӯро дар бемористон таҳти назорат гиранд.
Ҳарчанд овозхон мегӯяд, худро хуб ҳис мекунад.
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маргбортарин ҳафта аз ҳисоби коронавирус дар Русия
Боярский моҳи январ алайҳи коронавирус ваксин гирифт, аммо дақиқан як моҳ пас бо нишонаҳои ин дард ба бемористон интиқол ёфт.
Ҳарчанд он замон ташхиси ӯ, мариз буданашро ба коронавирус таъйид накард.
Ҳунарманди мардумии Русия 71 сол дорад ва дар бисёр филмҳои машҳур нақшҳои муассир бозидааст.
Ҳамчунин, ӯ дасти кам 600 суруд сароидааст, ки маъмултарини онҳо "Зеленоглазое такси", "Все пройдет" ва дигарҳо мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0