Зани солдидае дар Хуҷанд ба қаллобӣ муттаҳам мешавад - шарҳи ВКД

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Нисбати вай бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон парвандаи оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Як зани ҳудудан 60-сола дар Хуҷанд ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 59-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Автомашина марки BMW. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Мошинро нарх монду пул надод: милиса сокини Исфараро барои қаллобӣ боздошт кард
Номбурда, аз моҳи майи соли 2012 то моҳи январи соли 2014, якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, ӯро фиреб кардааст.
Ҳамин тавр, зан бо баҳонаи бо тиҷорат машғул шудан, аз охирон 19 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, аз он 3 ҳазор 800 доллари амрикоиро дода, боқимонда 15 ҳазору 200 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0