“Ягон хел хотирбинӣ нест”: Раҳмон дар бораи прокуроре, ки пора мегирифтаасту дар озодист

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, қазияи фасодкории Сайфиддин Баҳриддинзода, собиқ корманди додситонии ноҳияи Шоҳмансурро шарҳ дода, изҳор дошт, ки ӯ ягон хел хотирбинӣ намекунаду наздаш ҳама баробаранд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сайфиддин Баҳриддинзода, ёвари додситони ноҳияи Шоҳмансур, ки номаш аввали соли равон ба далели қаллобӣ ва пулгирӣ аз шаҳрвандон расонаӣ шуда буд, феълан дар озодист.
Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи қазияи Баҳриддинзода гуфт, худи ҳамон рӯзе, ки ин ҳолатро муайян намуданд, ӯро аз вазифа озод кард ва ҳамон рӯз парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Додситони кул афзуд, ки Баҳриддинзода ба ҳабс гирифта шуда, парванда алайҳи ӯ бо фикри айбдорӣ ба суд фиристода шуд.
Юсуф Раҳмон таъкид намуд, ки тибқи ҳукми суд нисбати Баҳриддинзода ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ карда шуд ва агаре касе ба ин қарори суд розӣ нест, метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад.
“Ягон хел хотирбинӣ нест. Ман доимо таъкид мекунам, ки дар назди ман, дар назди Прокурори генералӣ ҳама баробар астанд. Чӣ шаҳрванди одӣ, чӣ корманди прокуратура. Касе ба ҷиноят даст мезанад, ӯ ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯяд”, - таъкид намуд додситони кул.
Қазия фасодкории Баҳриддинзода моҳи феврали соли равон баъди боздошти нафаре расонаӣ шуд, ки ба мақомот изҳор доштааст, аз тоҷире бо талаби ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансур пул талаб кардааст.
Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
"Порагирӣ аз директори муттаҳам дар порахӯрӣ": боздошти милиса
Бар асоси иттилои нашршуда, Баҳриддинзода аввали соли равон ба мақоми ёрдамчии додситони ноҳияи Шоҳмансур таъин гардида, то он замон корманди додситонии ноҳияи Фирдавсӣ будааст.
Назари худи Баҳриддинзода ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.
Қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар шарҳи он, ки чаро бархе фасодкорон маҳбасӣ намешаванд, изҳор дошта буд, ки муттаҳамон дар қаллобӣ агар давоми мурофиа зарари расондаашонро барқарор кунанд, қонунгузорӣ нисбаташон татбиқи ҷазои ғайриҳабсиро пешбинӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0