https://sputnik.tj/20210713/tarkish-mehmonhona-gelenjik-1040848105.html
Таркиш дар меҳмонхона дар Геленҷик: ду кас ҳалок шуд
Таркиш дар меҳмонхона дар Геленҷик: ду кас ҳалок шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази Геленҷик дар меҳмонхонаи "Азария" таркиши бузург рух дод
2021-07-13T12:01+0500
2021-07-13T12:01+0500
2021-07-13T12:26+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
таркиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103037/94/1030379472_0:208:2901:1840_1920x0_80_0_0_bb4d28647a4a58b944ac3f25c6f10e0c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар меҳмонхонаи Геленҷик таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ситоди минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар меҳмонхонаи хусусии чорошёнаи "Азария" воцеъ дар кӯчаи Советская таркиши газ ба амал омад.Гуфта мешавад, ки эҳтимолан зане дар зери харобаҳо бошад, дар баробари ин, чаҳор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфти табибон, чаҳор нафар, аз ҷумла як кӯдак, дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шуданд. Бадани онҳо бо дараҷаҳои гуногун сӯхтааст.Ҳамзамон, шаҳрдори Геленҷик Алексей Богодистов марги як нафарро дар мағозаи меҳмонхона тасдиқ кард. Тибқи маълумоти пешакӣ, таркиши газ низ дар мағозаи меҳмонхона рух додааст. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, дар ҷои ҳодиса шишаҳо ва иншооти дохилии ошёнаи якум осеб дидаанд, девор фурӯ рехтааст ва маҳз он марҳумро пахш кардааст. Феълан харобаҳо тоза карда мешаванд. Дар рафъи оқибати ин ҳодисаи мудҳиш 40 нафар ва 14 адад техникаи махсус, аз ҷумла 11 нафар кормандон ва 4 адад таҷҳизот аз Хадамоти сӯхторнишонии Русия фаъол ҳастанд.
https://sputnik.tj/20210502/sharhi-khf-suhtor-dar-dushanbe-1039225601.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103037/94/1030379472_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_63ef1a28f64addeb4343a3600551dc03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш, ҳалокат, фоҷиа, ҳодисаи нохуш
таркиш, ҳалокат, фоҷиа, ҳодисаи нохуш
Таркиш дар меҳмонхона дар Геленҷик: ду кас ҳалок шуд
12:01 13.07.2021 (Навсозишуда: 12:26 13.07.2021) Дар маркази Геленҷик дар меҳмонхонаи "Азария" таркиши бузург рух дод
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар меҳмонхонаи Геленҷик таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ситоди минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар меҳмонхонаи хусусии чорошёнаи "Азария" воцеъ дар кӯчаи Советская таркиши газ ба амал омад.
Гуфта мешавад, ки эҳтимолан зане дар зери харобаҳо бошад, дар баробари ин, чаҳор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ба гуфти табибон, чаҳор нафар, аз ҷумла як кӯдак, дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шуданд. Бадани онҳо бо дараҷаҳои гуногун сӯхтааст.
Ҳамзамон, шаҳрдори Геленҷик Алексей Богодистов марги як нафарро дар мағозаи меҳмонхона тасдиқ кард.
Тибқи маълумоти пешакӣ, таркиши газ низ дар мағозаи меҳмонхона рух додааст. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, дар ҷои ҳодиса шишаҳо ва иншооти дохилии ошёнаи якум осеб дидаанд, девор фурӯ рехтааст ва маҳз он марҳумро пахш кардааст.
Феълан харобаҳо тоза карда мешаванд.
Дар рафъи оқибати ин ҳодисаи мудҳиш 40 нафар ва 14 адад техникаи махсус, аз ҷумла 11 нафар кормандон ва 4 адад таҷҳизот аз Хадамоти сӯхторнишонии Русия фаъол ҳастанд.