Рублу евро коҳиш ёфт: эълони қурби асъори хориҷа нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонк6244337
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он қурби рубли русӣ ва еврои аврупоӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1514 буда нисбат ба шабонарӯзи гузашта коҳиш ёфтааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ 0.1552 сомонӣ буд.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди рӯзи гузашта каме боло шудааст.
Тибқи нишондоди БМТ имрӯз 1 доллар 11.3230 муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки дирӯз 11.3225 қимат дошт.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме поин рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4234 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.4330 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3230 до 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4234 до 13.6500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1514 до 0.1545 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0