https://sputnik.tj/20210713/lavrov-dushanbe-chiro-barrasi-mekunad-1040847648.html
Маълум шуд, Лавров дар Душанбе чиро баррасӣ мекунад
Маълум шуд, Лавров дар Душанбе чиро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазъият дар минтақа муташанниҷ боқӣ мемонад. "Толибон"* ҳамоно ҳамла мекунанду маконҳои навро забт менамоянд
2021-07-13T11:45+0500
2021-07-13T11:45+0500
2021-07-13T12:41+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
сҳш
сергей лавров
дар русия
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039560754_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_726433e997277e8bb0edfdead1c53600.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе меравад ва рӯзҳои 13-14 июл дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай (Шӯрои вазирони СҲШ) ширкат мекунад. Шарикон вазъи Афғонистонро, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА бад шудааст, инчунин омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони СҲШ, ки моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ мекунанд.Намояндаи Кобул вазъи кунунии Афғонистонро арзёбӣ карда, дидгоҳи ҷониби Афғонистон оид ба ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо кишварҳои СҲШ дар шароити кунуниро ироа хоҳад кард. Интизор меравад, ки пас аз ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ изҳороти муштарак қабул кунанд. Ин ҷаласа марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро, ки рӯзҳои 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст, мекушояд. Вазъи Афғонистон боиси нигаронии шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. "Толибон"* дар заминаи хуруҷи нерӯҳои Амрико фаъолтар шуданд. Ҷангиён ба шаҳрҳои калон ҳамла намуда, аллакай қаламравҳои назаррасро тасарруф кардаанд. * - ташкилоти террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ мамнуъ аст
https://sputnik.tj/20210709/lavrov-dushanbe-safar-1040775523.html
https://sputnik.tj/20210711/vadahoi-tolibon-bovar-kard-1040800229.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039560754_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_8731a11d1f7a1fd7233cdd14dcd2263c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей лавров, нишаст, баррасӣ, амният, афғонистон
сергей лавров, нишаст, баррасӣ, амният, афғонистон
Маълум шуд, Лавров дар Душанбе чиро баррасӣ мекунад
11:45 13.07.2021 (Навсозишуда: 12:41 13.07.2021) Вазъият дар минтақа муташанниҷ боқӣ мемонад. "Толибон"* ҳамоно ҳамла мекунанду маконҳои навро забт менамоянд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе меравад ва рӯзҳои 13-14 июл дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай (Шӯрои вазирони СҲШ) ширкат мекунад.
Шарикон вазъи Афғонистонро, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА бад шудааст, инчунин омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони СҲШ, ки моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ мекунанд.
Рӯзи 14 июл мулоқоти алоҳидаи вазирони корҳои хориҷии ин созмон бо ҳамтои афғонашон Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар шакли Гурӯҳи тамосии СҲШ ва Афғонистон дар назар аст.
Намояндаи Кобул вазъи кунунии Афғонистонро арзёбӣ карда, дидгоҳи ҷониби Афғонистон оид ба ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо кишварҳои СҲШ дар шароити кунуниро ироа хоҳад кард.
Интизор меравад, ки пас аз ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ изҳороти муштарак қабул кунанд.
Ин ҷаласа марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро, ки рӯзҳои 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст, мекушояд.
Вазъи Афғонистон боиси нигаронии шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. "Толибон"* дар заминаи хуруҷи нерӯҳои Амрико фаъолтар шуданд.
Ҷангиён ба шаҳрҳои калон ҳамла намуда, аллакай қаламравҳои назаррасро тасарруф кардаанд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ мамнуъ аст