Тӯфони чанг аз Афғонистон: масъулин сабабҳои ифлосшавии ҳавои Душанберо гуфтанд

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, масъулин ваъда медиҳанд, ки коргоҳи истеҳсоли сементро аз шаҳр берун мебароранд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ, ки кай коргоҳи истеҳсоли семент аз шаҳр берун бурда мешавад, омилҳои дигари ифлосшавии ҳаво дар Душанберо номбар карданд.
Ҳаворо бештар на партовҳои корхонаи истеҳсоли семенит, балки нақлиёт ифлос мекунад, таъкид карданд аз кумита.
"Ҳавои Душанберо на корхонаи истеҳсоли семент, балки бештар нақлиёт ифлос мекунад. 60 дар сади партовҳои маводи ифлоскунанда ба нақлиёт рост меояд. Дар ҷойи дуюми ифлоскунандаҳо тӯфони чангу ғубор аз Афғонистон қарор дорад. Корхонаи истеҳсоли семент ҳамагӣ бо 20 фоиз аз иқтидори лоиҳавиаш кор мекунад", - гуфт сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саидисмон Судуров
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
16 корхона истеҳсоли сементро дар Тоҷикистон афзоиш доданд
Ба гуфтаи ӯ, феълан минтақае, ки ба он коргоҳ интиқол дода мешавад, маълум нест.
"Чанде пеш дар он ба маблағи 780 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти нави чангу ғуборгир насб карданд. Давра ба давра корхона ба минтақаи дигар мекӯчад. Ҳозири қаламрав интихоб шуда истодааст", - таъкид кард Судуров.
Пештар хабар дода шуд, ки имсол низ истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Бино бар иттилои Вазорати саноат тавлиди семент дар Тоҷикистон дар семоҳаи авал дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 55 ҳазор тонна ё 5,6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2020
Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя як миллион тонна семент содир кард
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхонаи семент фаъолият мекунад, ки аз зарфияти тавлиди солонаи наздик ба 4 миллион тонна семент бархурдор аст.
Дар соли 2020 Тоҷикистон бо вуҷуди густариши вируси корона 4 миллиону 200 тонна семент тавлид кард, ки 1 миллиону 300 ҳазор тоннаи он ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содир шуд.
Арзиши молии содироти ин миқдори семент дар соли 2020 наздик ба 60 миллион доллар эълом шудааст.
Лентаи хабарҳо
0