https://sputnik.tj/20210713/darguzasht-ustod-varzish-bemori-koronavirus-hujand-1040864268.html
Даргузашти устоди варзиш аз бемории коронавирус дар Хуҷанд: марҳум 56 - сол дошт
Даргузашти устоди варзиш аз бемории коронавирус дар Хуҷанд: марҳум 56 - сол дошт
Sputnik Тоҷикистон
Абдуқаҳҳор Қодиров, мураббии варзидаи соҳаи варзиш дар намуди гӯштини самбо бар асари бемории COVID – 19 субҳи имрӯз дар Хуҷанд даргузашт
2021-07-13T17:59+0500
2021-07-13T17:59+0500
2021-07-29T16:27+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
коронавирус
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040864046_0:22:720:427_1920x0_80_0_0_ff04b8a4915abebadf3480c7653ddcd9.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Яке аз аъзои хонаводаи марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Қодиров як моҳ ба ин тараф дар Бемористони касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд аз бемории коронавирус табобат мегирифт, вале шоми дирӯз аз олам даргузашт. Абдуқаҳҳор Қодиров соли 1965 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ бештар аз 35 сол умри худро дар рушди соҳаи варзиш бахшида, 20 соли охир сармураббии гӯштини намуди самбо дар вилояти Суғд фаъолият дошт. Қодиров, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон гуфта мешуд, ки то ин вақт даҳҳо шогирдро дар риштаи самбо ба камол расонидааст. Дастпарварони мактаби Қодиров борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастболо шудаанд. Қодиров унвони устоди дараҷаи байналмиллалиро бо худ ихтисос дода буд. Онҳое, ки ин устоди варзишро мешинохтанд, хидматҳои Қодировро дар рушду пешрафти варзиши гӯштингирӣ хубу назаррас хонда, марги нобаҳангоми ӯро талафоти бузург дар соҳаи варзиши кишвар арзёбӣ мекунанд. Ҷанозаи Абдуқаҳҳор Қодиров субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба ба “Найсувор” и Хуҷанд ба хок супорида шудааст.
https://sputnik.tj/20210713/vaz-nigaronkunnanda-kat-tabobat-bemor-covid-sugd-1040862383.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040864046_1:0:720:539_1920x0_80_0_0_60a6c9f7d502cf3ddf78e437345ddf68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, устоди варзиш, бемории коронавирус, хуҷанд
даргузашт, устоди варзиш, бемории коронавирус, хуҷанд
Даргузашти устоди варзиш аз бемории коронавирус дар Хуҷанд: марҳум 56 - сол дошт
17:59 13.07.2021 (Навсозишуда: 16:27 29.07.2021) Абдуқаҳҳор Қодиров, мураббии варзидаи соҳаи варзиш дар намуди гӯштини самбо бар асари бемории COVID – 19 дар Хуҷанд даргузашт
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Яке аз аъзои хонаводаи марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Қодиров як моҳ ба ин тараф дар Бемористони касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд аз бемории коронавирус табобат мегирифт, вале шоми дирӯз аз олам даргузашт.
“Як моҳ пеш барои баргузории мусобиқаи гуштин ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар карда, дар ҳамон ҷо гирифтори коронавирус шуданд. Шоми дирӯз дар Бемористони Хуҷанд бандагӣ карданд”, - гуфт аз хешовандони марҳум.
Абдуқаҳҳор Қодиров соли 1965 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ бештар аз 35 сол умри худро дар рушди соҳаи варзиш бахшида, 20 соли охир сармураббии гӯштини намуди самбо дар вилояти Суғд фаъолият дошт.
Қодиров, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон гуфта мешуд, ки то ин вақт даҳҳо шогирдро дар риштаи самбо ба камол расонидааст.
Дастпарварони мактаби Қодиров борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастболо шудаанд.
Қодиров унвони устоди дараҷаи байналмиллалиро бо худ ихтисос дода буд. Онҳое, ки ин устоди варзишро мешинохтанд, хидматҳои Қодировро дар рушду пешрафти варзиши гӯштингирӣ хубу назаррас хонда, марги нобаҳангоми ӯро талафоти бузург дар соҳаи варзиши кишвар арзёбӣ мекунанд.
Ҷанозаи Абдуқаҳҳор Қодиров субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба ба “Найсувор” и Хуҷанд ба хок супорида шудааст.