Дабири кулли СҲШ дар Душанбе: бо Муҳриддин мулоқот кард

© Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷаМулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СҲШ
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СҲШ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай Владимир Норов мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, мулоқот дирӯз дар ҳошияи сафари Норов ба Душанбе доир гардид.
Ёдрас мешавем, дабири кулли СҲШ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Генеральный секретарь Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) Владимир Норов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омад
"Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Созмон табодули афкор намуда, раванди омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ-ро, баррасӣ намуданд", - менависад манбаъ.
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки Норов бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот кунад.
Дар нақшаи сафари дабири кулл сафар ба шаҳри Норак ва боздид аз нерӯгоҳи "Норак" низ дарҷ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0