Устод Ато бо Ашраф Ғанӣ вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистонро барасӣ кард

© Дафтари матуботи Ато Муҳаммади НурАто Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ
Ато Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Ғанӣ гуфтааст, сафараш дар шароити кунунӣ ба Балх ба ин ҳадаф аст, ки дар ҳар шароите дар канори мардум омодаи хидмат аст
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо роҳбари Ҷамъияти Исломӣ Ато Муҳаммад Нур дар Мазори Шариф мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матуботи Ато Муҳаммади Нур дар ин мулоқот, роҳбари Ҷамъияти исломӣ ҳузури президентро ба шаҳри Мазар истиқбол карда, дар бораи вазъи амниятӣ дар шимол ва Балх, имконоти ва зарфиятҳои баъши амниятӣ, басиҷи миллӣ, рӯҳияи мубориза бо Толибон*, осебпазирӣ ва роҳҳои мубориза бо он гуфтааст.
Визит Президента Афганистана в провинцию Балх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Ғанӣ барои баррасии вазъи амниятии шимоли Афғонистон ба Балх рафт
Ӯ изҳор доштааст, ки мардум дар шимоли кишвар ва вилояти Балх бар зидди Толибон* бо рӯҳияи баланд мубориза мебаранд ва намегузоранд, ки онҳо бар тақдири мардум ҳукмронӣ кунанд.
Дар навбати худ, Ашраф Ғанӣ ба Ато Муҳаммад Нур барои талошҳо ва саъйҳояш дар дастгирии нерӯҳои мудофиа ва амният ва ташаккули басиҷи миллӣ ташаккур гуфта ва андешаҳои худро оид ба беҳтар кардани вазъ изҳор кардааст.
Ғанӣ гуфтааст, сафараш дар шароити кунунӣ ба Балх ба ин ҳадаф аст, ки дар ҳар шароите дар канори мардум омодаи хидмат аст.
Ато Мухаамад Нур - бывший губернатор Балха  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
“Поин реги сӯзон, болом офтоби доғ”: Ато Муҳаммади Нур дар хати набард бо Толибон -видео
Президент изҳор дошт, ки мо қобилият, рӯҳия, инчунин осебпазирӣ ва заъфро эътироф мекунем ва барои ҳалли мушкилоти осебпазирӣ ва таҳкими минбаъда кӯшиш мекунем.
Вай инчунин ба мардуми Балх итминон додаас, ки сарфаи барқро дар саросари кишвар одилона хоҳад кард.
Президент инчунин барои арвоҳи ҳама шаҳидони нерӯҳои амниятӣ, алахусус барои ҷони Ҳоҷӣ Фадам Муҳаммад Нур, бародари раҳбари Ҷамоати исломӣ дуо гуфт.
Эзоҳ: Толибонро* созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0