Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Афзоиши теъдоди кӯдакони гирифтори COVID дар Қирғизистон

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЛечение детей
Лечение детей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Обуна шудан
Аксарияти кӯдакон сирояти коронавирусро нисбат ба калонсолон осонтар паси сар мекунанд, аммо дар баъзе ҳолатҳо ин беморӣ кӯдаконро низ ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Қирғизистон нисбат ба соли гузашта бештар ҳолатҳои сирояти COVID-19 миёни кӯдакон ба қайд гирифта шудааст, гуфт Гулзат Маймерова, директори Маркази ҳимояи модар ва кӯдак.
Ба гуфти вай, баҳори соли 2020 дар байни беморон 0,8-2 фоизи кӯдакон буданд ва имрӯз ин рақам ба 11-14 дарсад расидааст.

"Кӯдакон, ба мисли калонсолон, гирифтори коронавирус мешаванд, гарчанде тибқи омор, дар байни онҳо чунин ҳолатҳо камтаранд. Онҳо COVID-19-ро осонтар мегузаронанд, дар байни онҳо интиқолдиҳандаҳои беаломат зиёданд", - менависад Sputnik Қирғизистон аз қавли коршинос.

Дар маҷмӯъ аз моҳи март то имрӯз дар Қирғизистон 1650 ҳолати сироятёбии кӯдакон ба қайд гирифта шудааст:
то 1 сола - 263 (16%);
аз 1 то 4 сола - 512 (31%);
аз 5 то 15 сола - 685 (41,5%);
аз 16 то 18 сола - 190 (11,5%).
Аҳволи аксарияти онҳо қаноатбахш (58%) ва миёна (22,5%) будааст. 17,5% дар ҳолати вахим ва ду дарсад дар ҳолати вазнин буданд. 39% бемориро бо мушкилот паси сар карданд.
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир
Аз ин миён 6 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, ки (0,4%) - ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0