https://sputnik.tj/20210712/vazorat-marg-giriftorshavi-koronavirus-kam-1040814032.html
Вазорат: гирифторшавӣ ва фавт аз коронавирус дар рӯзи гузашта кам шуд
Вазорат: гирифторшавӣ ва фавт аз коронавирус дар рӯзи гузашта кам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ҳолатҳои гирифторию фавт аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ тайи шабонарӯзи гузашта камтар шуд
2021-07-12T08:58+0500
2021-07-12T08:58+0500
2021-07-29T16:31+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
сиҳатӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040545108_337:0:3978:2048_1920x0_80_0_0_c6c7bace15a93aa9d52850924817acf3.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар додааст Вазорати тандурустӣ. Рӯзи пеш ин омор 43 нафарро ташкил медод. Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин тайи шабонарӯзи гузашта 21 нафар пас аз муоилиҷа сиҳат шуданд. Вазорати тандурустӣ илова намуд, ки аз коронавирус дар шабонарӯзи гузашта 1 нафар фавтид. Рӯзи гузашта ин нишондод ба 2 ҳолат баробар буд. Дар маҷмӯъ, бар асоси иттилояи расмӣ аз аввали бақайдгирии коронавирус дар ҷумҳурӣ то шоми 11 июл дар кишвар 13 ҳазору 834 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13 ҳазору 535 нафар ё худ 97,8% шифо ёфтаанд. Инчунин дар пайи бемории мазкур 103 нафар фавтидаанд.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват дорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд. Аз ҷумла фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранду ниқоб пӯшанд. Дар ҳамин ҳол маъракаи ваксинагирӣ дар Тоҷикистон, ки барои афроди аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудаст, феълан дар қаламрави кишвар идома дорад.
https://sputnik.tj/20210711/sartabibi-shifohonai-khujand-tabobat-virusi-korona-1040805028.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040545108_1247:0:3978:2048_1920x0_80_0_0_843738172340ad46620b4617930c72f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гирифторшавӣ, коронавирус, фавт, вазорати тандурустӣ
гирифторшавӣ, коронавирус, фавт, вазорати тандурустӣ
Вазорат: гирифторшавӣ ва фавт аз коронавирус дар рӯзи гузашта кам шуд
08:58 12.07.2021 (Навсозишуда: 16:31 29.07.2021) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ҳолатҳои гирифторию фавт аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ тайи шабонарӯзи гузашта камтар шуд
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар додааст Вазорати тандурустӣ. Рӯзи пеш ин омор 43 нафарро ташкил медод.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин тайи шабонарӯзи гузашта 21 нафар пас аз муоилиҷа сиҳат шуданд.
Вазорати тандурустӣ илова намуд, ки аз коронавирус дар шабонарӯзи гузашта 1 нафар фавтид. Рӯзи гузашта ин нишондод ба 2 ҳолат баробар буд.
Дар маҷмӯъ, бар асоси иттилояи расмӣ аз аввали бақайдгирии коронавирус дар ҷумҳурӣ то шоми 11 июл дар кишвар 13 ҳазору 834 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13 ҳазору 535 нафар ё худ 97,8% шифо ёфтаанд. Инчунин дар пайи бемории мазкур 103 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват дорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд. Аз ҷумла фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранду ниқоб пӯшанд.
Дар ҳамин ҳол маъракаи ваксинагирӣ дар Тоҷикистон, ки барои афроди аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудаст, феълан дар қаламрави кишвар идома дорад.