https://sputnik.tj/20210712/qodirova-tojikiston-koronavirus-1040817754.html
Қодироваи 100 - сола дар Тоҷикистон бар коронавирус пирӯз шуд - акс
Қодироваи 100 - сола дар Тоҷикистон бар коронавирус пирӯз шуд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе, зани 100 - соларо аз коронавирус наҷот доданд
2021-07-12T11:30+0500
2021-07-12T11:30+0500
2021-08-10T17:02+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/61/1030626181_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_0ed3a7a148eb4f4708cfd5c382fcc9c7.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон як зани 100 - сола, ки гирифтори маризии коронавирус буд ва дар Бемористони касалиҳои сироятии пойтахт табобат мегирифт, комилан шифо ёфт.Сиҳат ёфтани ин зани калонсолро Бобозода Асомиддин ном корбар дар сафҳаи Facebook - ии худ нашр намудааст.Ба маълумоти интишорнамудаи Бобозода, ин зан Қодирова Шарофат буда, мавсуф корманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. "Номбурда дорандаи медалу мукофотҳои давлатию меҳнатӣ аст", - навиштааст ин корбар.Қодирова зери назорати пизишкони Бемористони касалиҳои сироятӣ қарор дошт ва пас аз он, ки комилан шифо ёфт, "наҷотдиҳандагонаш" ӯро тантанавор ба хона гусел намуданд.Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн дар Тоҷикистон мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва феълан шумораи умумии гирифторони ин дард ба 13 834 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 535 нафар шифо ёфта, 103 мариз қурбони ин вабо гардиданд.
https://sputnik.tj/20210712/favt-hamsar-darguzasht-polkovnik-turyaev-ganihon-1040815381.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/61/1030626181_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_d325bfcc2325860677e07195af82d53d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон коронавирус
Қодироваи 100 - сола дар Тоҷикистон бар коронавирус пирӯз шуд - акс
11:30 12.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Пизишкони Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе зани 100 - соларо аз коронавирус наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон як зани 100 - сола, ки гирифтори маризии коронавирус буд ва дар Бемористони касалиҳои сироятии пойтахт табобат мегирифт, комилан шифо ёфт.
Сиҳат ёфтани ин зани калонсолро Бобозода Асомиддин ном корбар дар сафҳаи
Facebook - ии худ нашр намудааст.
Ба маълумоти интишорнамудаи Бобозода, ин зан Қодирова Шарофат буда, мавсуф корманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
"Номбурда дорандаи медалу мукофотҳои давлатию меҳнатӣ аст", - навиштааст ин корбар.
Қодирова зери назорати пизишкони Бемористони касалиҳои сироятӣ қарор дошт ва пас аз он, ки комилан шифо ёфт, "наҷотдиҳандагонаш" ӯро тантанавор ба хона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн дар Тоҷикистон мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва феълан шумораи умумии гирифторони ин дард ба 13 834 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 535 нафар шифо ёфта, 103 мариз қурбони ин вабо гардиданд.