https://sputnik.tj/20210712/panj-sokini-konibodom-bo-jurmi-payravi-ba-salafiya-zindon-shudand-1040834751.html
Панҷ сокини Конибодом бо ҷурми пайравӣ ба Салафия* зиндон шуданд
Панҷ сокини Конибодом бо ҷурми пайравӣ ба Салафия* зиндон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Панҷ сокини шаҳри Конибодом барои машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ дар асоси моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд 12.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-12T17:25+0500
2021-07-12T17:25+0500
2021-07-12T17:25+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
зиндон
суд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Конибодом 5 нафар барои пайравӣ ба ташкилояти фаъолияташ дар Тоҷикитсон мамнӯи "Салафия" аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад.Бино бар иттилои манбаъ, Ашӯров Умед Аюбхоновичи 32-сола, Исмоилов Султони 38-сола, Мавлонов Навруз Ортиқовичи 40-сола, Собиров Дамир Давроновичи 36-сола, Тухтаев Бурҳон Ғаниҷоновичи 36-сола, дар асоси моддаи 307, иловаи 3 кодекси ҷиноятӣ суд карда шуданд."Далелиҳои тафтишоти пешакӣ ҷамъоваришуда муайян мекунад, ки ин нафарон қасдан ҷиноят ба муқобили асосиҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ содир намудаанд", - таъкид мекунад манбаъ.ВКД таъкид мекунад, "пайравӣ ба ақидаҳои ифротгароёнаи ташкилоти фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва дар ҳудуди шаҳри Конибодом бо амалу рафтор татбиқи чунин фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла ҷамъомадҳои мақсаднок ва истифодаи адабиётҳои мазмуни ифротидошта ҳамчунин дигар қасдҳои ҷиноятидошта сабаб шудааст, ки нисбати ин 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад".Гуфта мешавда, Собиров Дамир Давронович қоблан бо моддаи 307 иловаи 3 суд шудааст.Ҳамин тавр, бо ҳукми суд нисбати 4 нафар бо иттиҳоми ташкили фаъолияти экстремистӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол дар калонияҳои низомаш сахт ва ба Дамир Собиров ба мӯҳлати 6 солу шаш моҳ дар зиндони низомаш сангин ҳукм дода шудааст.*- ташкилоти экстремистии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо мамнӯъ
https://sputnik.tj/20210113/Dodgoh-Tajikistan-muhojir-Salafiya-zindon--1032615402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, зиндон, суд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, зиндон, суд
Панҷ сокини Конибодом бо ҷурми пайравӣ ба Салафия* зиндон шуданд
Панҷ сокини шаҳри Конибодом барои машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ дар асоси моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноятӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Конибодом 5 нафар барои пайравӣ ба ташкилояти фаъолияташ дар Тоҷикитсон мамнӯи "Салафия" аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Ашӯров Умед Аюбхоновичи 32-сола, Исмоилов Султони 38-сола, Мавлонов Навруз Ортиқовичи 40-сола, Собиров Дамир Давроновичи 36-сола, Тухтаев Бурҳон Ғаниҷоновичи 36-сола, дар асоси моддаи 307, иловаи 3 кодекси ҷиноятӣ суд карда шуданд.
"Далелиҳои тафтишоти пешакӣ ҷамъоваришуда муайян мекунад, ки ин нафарон қасдан ҷиноят ба муқобили асосиҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ содир намудаанд", - таъкид мекунад манбаъ.
ВКД таъкид мекунад, "пайравӣ ба ақидаҳои ифротгароёнаи ташкилоти фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва дар ҳудуди шаҳри Конибодом бо амалу рафтор татбиқи чунин фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла ҷамъомадҳои мақсаднок ва истифодаи адабиётҳои мазмуни ифротидошта ҳамчунин дигар қасдҳои ҷиноятидошта сабаб шудааст, ки нисбати ин 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад".
Гуфта мешавда, Собиров Дамир Давронович қоблан бо моддаи 307 иловаи 3 суд шудааст.
Ҳамин тавр, бо ҳукми суд нисбати 4 нафар бо иттиҳоми ташкили фаъолияти экстремистӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол дар калонияҳои низомаш сахт ва ба Дамир Собиров ба мӯҳлати 6 солу шаш моҳ дар зиндони низомаш сангин ҳукм дода шудааст.
*- ташкилоти экстремистии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо мамнӯъ