https://sputnik.tj/20210712/nimashab-zane-latukub-pul-telefon-1040835718.html
Нимашаб занеро латукӯб карданду пулу телефонашро гирифтанд
Нимашаб занеро латукӯб карданду пулу телефонашро гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба идораи милиса дар шаҳри Душанбе зани 37-сола муроҷиат карда, арз доштааст, нисфи шаб ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон гирифтааст
2021-07-12T17:30+0500
2021-07-12T17:30+0500
2021-07-12T17:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_ba39b1b775cb25130606cfe6d95d91dc.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Зани 37-сола аз ноҳияи Фирдавсӣ ба идораи милиса дар ин ноҳия муроҷиат карда, шикояст кардааст, 6-уми июли соли 2021, тахминан соати 01:00 ӯро ғолат кардаанд.Ба иттилои муроҷиаткунанда, ғорату латукӯб дар маҳллаи Гулбутта рух додааст.“Шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 250 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 400-сомониро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод ВУД Тоҷикистон.Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 21-сола ва марди 31-сола, сокинони шаҳри Кулоб ва ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210703/zan-latukub-shavhar-navor-dushanbe-1040623480.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_8ce5cf03b62378ceb748e22fe0830e74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зӯроварӣ, латукӯб, пул, телефон, душанбе
зӯроварӣ, латукӯб, пул, телефон, душанбе
Нимашаб занеро латукӯб карданду пулу телефонашро гирифтанд
Ба идораи милиса дар шаҳри Душанбе зани 37-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки нисфи шаб ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон гирифтааст
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Зани 37-сола аз ноҳияи Фирдавсӣ ба идораи милиса дар ин ноҳия муроҷиат карда, шикояст кардааст, 6-уми июли соли 2021, тахминан соати 01:00 ӯро ғолат кардаанд.
Ба иттилои муроҷиаткунанда, ғорату латукӯб дар маҳллаи Гулбутта рух додааст.
“Шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 250 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 400-сомониро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод ВУД Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 21-сола ва марди 31-сола, сокинони шаҳри Кулоб ва ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.