https://sputnik.tj/20210712/kordkashi-sambusahonaichorcharogh-khujand-1040819905.html
Кордкашӣ назди самбӯсахонаи "Чорчароғ": милиса ҷавони 20 - соларо боздошт кард
Кордкашӣ назди самбӯсахонаи "Чорчароғ": милиса ҷавони 20 - соларо боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Сокини 36 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҷавони 20 - сола бидуни ягон асос корд задааст 12.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-12T13:00+0500
2021-07-12T13:00+0500
2021-07-12T13:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хуҷанд
вуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/58/1026655844_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_dbe17c2f09a5d855549c6deffb158cb0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини маҳаллӣ аз дасти ҷавони 20 - сола корд хӯрдааст.Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кордкашӣ шаби 5 июл, тахминан соати 22:00 дақиқа рух додааст.Ин ниҳод меафзояд, ки ҷавони 20 - сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои содир намудани ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони милиса боздошт гардидааст.Гуфта мешавад, қабл аз кордкашӣ, ҷавон бидуни ягон асос бо ҷабрдида ҷангу ҷанҷол намуда, сипас бо корди дар даст буда ду маротиба ба шиками охирон зарба расондааст.Манбаъ меафзояд, боздоштшуда дар ҳолати сархушӣ даст ба ин кор задааст. Феълан, нисбати боздоштшуда бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/58/1026655844_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_153f431455b0dbb07d527e882c82cb24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуд тоҷикистон кордкашӣ
Кордкашӣ назди самбӯсахонаи "Чорчароғ": милиса ҷавони 20 - соларо боздошт кард
Сокини 36 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҷавони 20 - сола бидуни ягон асос корд задааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини маҳаллӣ аз дасти ҷавони 20 - сола корд хӯрдааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кордкашӣ шаби 5 июл, тахминан соати 22:00 дақиқа рух додааст.
Ин ниҳод меафзояд, ки ҷавони 20 - сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои содир намудани ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони милиса боздошт гардидааст.
"Номбурда дар назди самбӯсахонаи "Чорчароқ", воқеъ дар кӯчаи Себзори шаҳри Хуҷанд як марди 36 - соларо корд зад", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, қабл аз кордкашӣ, ҷавон бидуни ягон асос бо ҷабрдида ҷангу ҷанҷол намуда, сипас бо корди дар даст буда ду маротиба ба шиками охирон зарба расондааст.
Манбаъ меафзояд, боздоштшуда дар ҳолати сархушӣ даст ба ин кор задааст.
Феълан, нисбати боздоштшуда бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.