https://sputnik.tj/20210712/emomali-rahmon-raisijumhur-ozarboyjonro-tojikiston-1040824480.html
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Озарбойҷонро ба Тоҷикистон даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Озарбойҷонро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Озарбойҷон зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи феълии Ҷумҳурии Афғонистон изҳори нигаронӣ намудааст
2021-07-12T14:15+0500
2021-07-12T14:15+0500
2021-07-12T14:18+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
илҳом алиев
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102641/60/1026416013_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_d25d08fdaec2bfc8bd8c5dd3383b360c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озари худ Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ баргузор кард.Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, раисони Тоҷикистону Озарбойҷон рӯзи 12 июн суҳбати телефонӣ анҷом доданд.Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахши тиҷорату иқтисодро баррасӣ намуданд.Илова бар ин, вазъи Афғонистон низ аз мадди назари раисиҷумҳурон каонр намонд.Манбаъ меафзояд, дар робита ба вазъи нохуби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Илҳом Алиев дар рафти суҳбат аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии ИДМ изҳори нигаронӣ кард.Котиботи Президент менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ дар хусуси вазъи ташвишовари Афғонистон маълумот дода, изҳор доштааст, ки аз вазъият дар марзи ҷанубии ИДМ нигарон аст.Дар фарҷоми суҳбат, роҳбари давлат Илҳом Алиевро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.Зикр мегардад ки таклифи Эмомалӣ ӣРаҳмон пазируфта шуд ва ҳоло муҳлати сафари мушаххас мешавад.
https://sputnik.tj/20200507/Ramon-ba-Aliev-salomat-khost-sbati-du-prezident-az-koronavirus-to-kmak-1031198434.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102641/60/1026416013_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_5cf6efd9999e01881b44258bc82c753a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон илҳом алиев суҳбати телефонӣ
эмомалӣ раҳмон илҳом алиев суҳбати телефонӣ
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Озарбойҷонро ба Тоҷикистон даъват кард
14:15 12.07.2021 (Навсозишуда: 14:18 12.07.2021) Кишвардори Озарбойҷон зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи феълии Ҷумҳурии Афғонистон изҳори нигаронӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озари худ Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ баргузор кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, раисони Тоҷикистону Озарбойҷон рӯзи 12 июн суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахши тиҷорату иқтисодро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, вазъи Афғонистон низ аз мадди назари раисиҷумҳурон каонр намонд.
Манбаъ меафзояд, дар робита ба вазъи нохуби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Илҳом Алиев дар рафти суҳбат аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии ИДМ изҳори нигаронӣ кард.
Котиботи Президент менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ дар хусуси вазъи ташвишовари Афғонистон маълумот дода, изҳор доштааст, ки аз вазъият дар марзи ҷанубии ИДМ нигарон аст.
Дар фарҷоми суҳбат, роҳбари давлат Илҳом Алиевро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.
Зикр мегардад ки таклифи Эмомалӣ ӣРаҳмон пазируфта шуд ва ҳоло муҳлати сафари мушаххас мешавад.