Манбаъ: қотили ӯзбекистонии генерал Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ пайдо ва кушта шуд

© REUTERS \ OMAR SOBHANIВооруженные люди, выступающие против восстания талибов
Вооруженные люди, выступающие против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Обуна шудан
Мақомоти амниятии вилояти Тахор хабар доданд, ки қотили генерал Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ зимни як амалиёти нерӯҳои амниятӣ кушта шуд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муҳаммад Тамим, сухангӯи раёсати амнияти вилояти Тахор дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки террористе, ки дар шаҳодати генерал Абдулҳанон Қатағанӣ (Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ) нақш дошт, кушта шуд.
“Яке аз шахсони килидии гурӯҳи террористии Толибон* ба исми Мустаори Муҳаммад табаи кишвари Ӯзбекистон, ки дар шаҳодати генерал Абдулҳанон Қатағанӣ нақш дошта, дар ҷараёни даргирии имшаб дар атрофи шаҳри Толиқон тавасути нерӯҳои амниятӣ ба ҳалокат расид”, гуфт сухангӯи раёсати амнияти вилояти Тахор.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш аз шаҳодати Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ яке аз раҳбарони муқовимати мардумӣ алайҳи Толибон* дар вилояти Тахор Муҳибуллоҳ Нурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд.
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷангҳои Толиқон ва кушта шудани як фармондеҳи зиддитолиб
Вай гуфта буд, ки Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ бо нерӯҳояш дар самти Дарознови шаҳри Толиқон бо нерӯҳояш даргири ҷанг бо Толибон* буд.
“Ӯ як фармондеҳи матраҳи хезишҳои мардумӣ буд. Чанд рӯзи пеш паҳпод (дрон)-ҳои Толибон манзили ӯ дар шаҳри Толиқонро ҳадаф гирифта, писараш ҳам захмӣ шуда буд. Дирӯз бегоҳ хабар расид, ки ҳангоми набард аз тири Толибон* ба шаҳодат расидааст”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Ҳоҷӣ Оғо Гул Қатағанӣ аз ноқилини паштуни Шимол аст, ки бобояш замони Нодирхон аз вилояти Лугар ба Тахор омада, дар минтақаи Қарабарчови марбути шаҳри Толиқон сукунат ихтиёр карда буданд.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Толибон ба дувумин шаҳри бузурги Афғонистон – Қандаҳор ворид шуданд
Замони ҷиҳоду муқовимат аз фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ ва таҳти амри Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Дар замони Ҳомид Карзай як муддат дар вазифаи фармондеҳи пулиси вилояти Тахор низ кор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҷангҳои шадид дар атрофи Толиқон миёни неруҳои ҳукумативу хезишҳои мардумӣ ва Толибон* идома доранд. Дар ҳоли ҳозир, тамоми 16 вулусволии вилояти Тахор таҳти идораи Толибон* аст ва танҳо маркази он – шаҳри Толиқон дар идораи ҳукумат мебошад.
Созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0