https://sputnik.tj/20210710/tasisi-fondi-nav-tojikiston-1040796060.html
Таъсиси Фонди дастгирии олимпӣ дар Тоҷикистон
Таъсиси Фонди дастгирии олимпӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори Ҳукумат дар ҷумҳурӣ Фонди нав таъсис дода шуд
2021-07-10T20:17+0500
2021-07-10T20:17+0500
2021-07-10T20:39+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
кумитаи миллии олимпии ҷт
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_374:0:1470:617_1920x0_80_0_0_8835c4adae6e14083a4ceb834bf6f409.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералӣ таъсис дода шуд. Тибқи иттилои КМО, Фонди дастгирии олимпӣ дар асоси супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори Ҳукумат бо ҷонибдории аъзои Кумита ташкил карда шуд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳадафи Фонди мазкур таъмини шароити иҷтимоии варзишгарон, иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, таъмини варзишгарон бо лавозимоти варзишӣ мебошад. Таъмини мактабу клубҳои варзишӣ бо таҷҳизоти ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳаи варзиш аз ҳадафҳои асосии Фонди мазкур арзёбӣ гардид. Ин дар ҳолест, ки Шамсулло Соҳибов, ноиби президенти КМО дар ҷаласаи мазкур ҳудуди 1 миллион сомонӣ грантро барои федератсияҳо ва варзишгарон ҷудо намуд. Аз ҷумла 17 федератсия лоиҳаи дархостӣ барои грант пешниҳод карда, онро ба даст овардаанд. Ҳар гранти чудошуда 50 000 сомонӣ буда, ба рушди федератсияҳои миллии варзишӣ нигаронида шудааст, омадаст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20210710/shamsullo-sohibov-millioni-vadagi-varzishgaron-kumakpuli-1040795272.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_501:0:1456:716_1920x0_80_0_0_f23890a2db6a1702e1b67114371ddd79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фонд, дастур, кумитаи олимпӣ
фонд, дастур, кумитаи олимпӣ
Таъсиси Фонди дастгирии олимпӣ дар Тоҷикистон
20:17 10.07.2021 (Навсозишуда: 20:39 10.07.2021) Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори Ҳукумат дар ҷумҳурӣ Фонди нав таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Фонди дастгирии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералӣ таъсис дода шуд.
Тибқи иттилои КМО, Фонди дастгирии олимпӣ дар асоси супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори Ҳукумат бо ҷонибдории аъзои Кумита ташкил карда шуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳадафи Фонди мазкур таъмини шароити иҷтимоии варзишгарон, иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, таъмини варзишгарон бо лавозимоти варзишӣ мебошад.
Таъмини мактабу клубҳои варзишӣ бо таҷҳизоти ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳаи варзиш аз ҳадафҳои асосии Фонди мазкур арзёбӣ гардид.
Ин дар ҳолест, ки Шамсулло Соҳибов, ноиби президенти КМО дар ҷаласаи мазкур ҳудуди 1 миллион сомонӣ грантро барои федератсияҳо ва варзишгарон ҷудо намуд.
Аз ҷумла 17 федератсия лоиҳаи дархостӣ барои грант пешниҳод карда, онро ба даст овардаанд. Ҳар гранти чудошуда 50 000 сомонӣ буда, ба рушди федератсияҳои миллии варзишӣ нигаронида шудааст, омадаст дар иттилоия.