https://sputnik.tj/20210710/muarrifi-libos-olimpi-timi-tojikiston-1040795920.html
Муаррифии либоси олимпии тими Тоҷикистон
Муаррифии либоси олимпии тими Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, либоси расмӣ ва варзишии ҳайати олимпии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардид
2021-07-10T19:44+0500
2021-07-10T19:44+0500
2021-07-10T19:46+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҳодиса
ғарқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0a/1040795881_0:18:750:440_1920x0_80_0_0_b1a6b49ff403f5fdf34c5d471e8e1dbf.png
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Маросими муаррифии либоси расмии ҳайати олимпии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии КМО баргузор шуд. Тибқи иттилои Кумита, либоси варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад."Маҷмӯи либоси Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 20 номгӯ, аз ҷумла, либоси варзишӣ барои маросими ҷоизагирӣ, гардиш, либоси варзишӣ барои тамрин, футболкаҳо, кулоҳи варзишӣ, пояфзоли варзишӣ, соат, ду ҷомадон ва ғайра иборат мебошад", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки маҷмӯи либоси варзишӣ бо нақшу нигори миллӣ, инчунин рангҳои Парчами давлатӣ оро ёфтааст. Ба итилои КМО, тарҳи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи босалоҳият, аз ҳисоби тарроҳон, олимон ва мутахассисони хориҷӣ дар давоми ду сол омода шуд. КМО афзуд, ки дар ҷаласа ба роҳбари ширкати “Iamdifferent” Дилшод Ҷӯразода “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.
https://sputnik.tj/20210710/shamsullo-sohibov-millioni-vadagi-varzishgaron-kumakpuli-1040795272.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0a/1040795881_79:0:746:500_1920x0_80_0_0_702d754017438190b78d59dc4c4d55a9.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи миллии олимпӣ, варзиш, либос
кумитаи миллии олимпӣ, варзиш, либос
Муаррифии либоси олимпии тими Тоҷикистон
19:44 10.07.2021 (Навсозишуда: 19:46 10.07.2021) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, либоси расмӣ ва варзишии ҳайати олимпии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Маросими муаррифии либоси расмии ҳайати олимпии Тоҷикистон рӯзи 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии КМО баргузор шуд.
Тибқи иттилои Кумита, либоси варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад.
"Маҷмӯи либоси Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 20 номгӯ, аз ҷумла, либоси варзишӣ барои маросими ҷоизагирӣ, гардиш, либоси варзишӣ барои тамрин, футболкаҳо, кулоҳи варзишӣ, пояфзоли варзишӣ, соат, ду ҷомадон ва ғайра иборат мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки маҷмӯи либоси варзишӣ бо нақшу нигори миллӣ, инчунин рангҳои Парчами давлатӣ оро ёфтааст.
Ба итилои КМО, тарҳи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи босалоҳият, аз ҳисоби тарроҳон, олимон ва мутахассисони хориҷӣ дар давоми ду сол омода шуд.
КМО афзуд, ки дар ҷаласа ба роҳбари ширкати “Iamdifferent” Дилшод Ҷӯразода “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.