Ронанда ва мусофирон дар дохили мошин сӯхтанд: садамаи маргбор дар Суғд

© сомонаи КҲФ ТоҷикистонCадама ва сӯхтори мошин бар асари бархӯрд ба дарахт дар ноҳияи Деваштич
Cадама ва сӯхтори мошин бар асари бархӯрд ба дарахт дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2021
Обуна шудан
Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Деваштич мошин оташ гирифта, ронанда ва мусофиронаш сӯхтанд
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 9-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:20-дақиқа дар ноҳияи Деваштич садамаи маргбор рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Киа-Оптима", Эралиев Абдусалом, сокини 47-солаи ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Истаравшан - Деваштич" ба садама дучор шудааст.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама
Вазорат мегӯяд, Эралиев дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст. Дар натиҷа мошин оташ гирифтааст.
"Дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми зиёди автомашина сӯхта, корношоям гардида, ронандаи автомашина Эралиев ва мусофираш зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои ВУД, мусофири дигари мошин хурдсол, Зарипова Суғдиёна Санҷаровна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0