https://sputnik.tj/20210710/darguzasht-imomhatib-abdulahad-nazdikonash-giriftori-koronavirus-1040795691.html
Даргузашти имомхатиб Абдулаҳад: наздиконаш мегӯянд, коронавирус дошт
Даргузашти имомхатиб Абдулаҳад: наздиконаш мегӯянд, коронавирус дошт
Sputnik Тоҷикистон
Абдулаҳад Пӯлотов, имомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар синни 60 – солагӣ даргузашт
2021-07-10T19:09+0500
2021-07-10T19:09+0500
2021-07-29T16:31+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорат
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422429_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_ba45d95b648dc23dc5cd808d5ec10201.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Ҳоҷӣ Абдулаҳад, ки чанд рӯзи охир бо “вируси корона” мубориза мебурд, рӯзи 9 июл ҷон ба Ҳақ таслим намуд, изҳор дошт яке аз пайвандони марҳум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон. “Аз ду ҳафта қабл дар хона бистарӣ шуда буданд. Рӯзҳои охир аҳволашон андак беҳбуд ёфта буд, вале субҳи 9 июл бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.Абдулаҳад Пӯлотов ҳудуди даҳ соли охир имомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.Бисёре аз сокинони деҳоти номи Ҳайдар Усмонов аз Ҳоҷӣ Абдулаҳад ба ҳайси руҳоние ёд мекунанд, ки пайваста дастрас буду дар хизмати мардум қарор дошт. Ҷанозаи Пӯлотов бо иштироки хешону пайвандон ва сокинони зиёд дар қабристони деҳаи Кулангир ба хок супурда шуд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран аз мубталошавии 34 нафар ба маризии коронавирус иттилоъ дода, афзуд, ки шабонарӯзи гузашта 3 мавриди фавт ба қайд гирифта шуд.Ин ниҳод афзуд, ки 22 нафарр тайи шабонарӯзи гузашта, аз коронавирус шифо ёфтаанд.Ҳамин тариқ бар пояи иттилои расмӣ сар аз аввали хуруҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон 13 753 нафар мубтало шуданд, ки аз ин миён 13 483 нафар шифо ёфта, 100 нафар қурбон шудаанд.Хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ расман 21 июн тасдиқ шуда, ахиран мақомоти тоҷик ваксингирӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҳатмӣ эълон карданд.
https://sputnik.tj/20210710/qurbonali-rahmon-darguzasht-1040787971.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422429_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_7b337c705cfb910d84c313bf30afd7f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беморӣ, коронавирус, даргузашт
беморӣ, коронавирус, даргузашт
Даргузашти имомхатиб Абдулаҳад: наздиконаш мегӯянд, коронавирус дошт
19:09 10.07.2021 (Навсозишуда: 16:31 29.07.2021) Абдулаҳад Пӯлотов, имомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар синни 60 – солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Ҳоҷӣ Абдулаҳад, ки чанд рӯзи охир бо “вируси корона” мубориза мебурд, рӯзи 9 июл ҷон ба Ҳақ таслим намуд, изҳор дошт яке аз пайвандони марҳум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
“Аз ду ҳафта қабл дар хона бистарӣ шуда буданд. Рӯзҳои охир аҳволашон андак беҳбуд ёфта буд, вале субҳи 9 июл бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.
Абдулаҳад Пӯлотов ҳудуди даҳ соли охир имомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Бисёре аз сокинони деҳоти номи Ҳайдар Усмонов аз Ҳоҷӣ Абдулаҳад ба ҳайси руҳоние ёд мекунанд, ки пайваста дастрас буду дар хизмати мардум қарор дошт. Ҷанозаи Пӯлотов бо иштироки хешону пайвандон ва сокинони зиёд дар қабристони деҳаи Кулангир ба хок супурда шуд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран аз мубталошавии 34 нафар ба маризии коронавирус иттилоъ дода, афзуд, ки шабонарӯзи гузашта 3 мавриди фавт ба қайд гирифта шуд.
Ин ниҳод афзуд, ки 22 нафарр тайи шабонарӯзи гузашта, аз коронавирус шифо ёфтаанд.
Ҳамин тариқ бар пояи иттилои расмӣ сар аз аввали хуруҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон 13 753 нафар мубтало шуданд, ки аз ин миён 13 483 нафар шифо ёфта, 100 нафар қурбон шудаанд.
Хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ расман 21 июн тасдиқ шуда, ахиран мақомоти тоҷик ваксингирӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҳатмӣ эълон карданд.