https://sputnik.tj/20210709/safari-qaribulvuqui-rajab-tayib-erdughon-tojikiston-1040784877.html
Сафари қарибулвуқӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон
Сафари қарибулвуқӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
2021-07-09T21:00+0500
2021-07-09T21:00+0500
2021-07-21T14:04+0500
дар тоҷикистон
туркия
душанбе
раҷаб тайиб эрдуғон
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032420537_0:155:2608:1622_1920x0_80_0_0_953d7937807d87e7635c2ecd2a3d8e31.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар ин бора сафири Туркия дар Тоҷикистон, ахиран зимни мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода хабар дод.Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл зимни мулоқот аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд ва гуфт ба наздикӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Аммо сафир дақиқи нагуфт, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Туркия ба Тоҷикистон кай сурат мегирад.Бояд гуфт, чанде пеш Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар, хабар дода буд, ки қарор аст сафари раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Тоҷикистон сурат бигирад.Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Тоҷикистон бори дигар расман даъват намуд."Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нияти Президенти Ҷумҳурии Туркия вобаста ба анҷом додани сафар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон хабар додам", — гуфт Хулусӣ Акар.Номбурда изҳори боварӣ намуд, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ байни вазоратҳои мудофиа такони тоза мебахшанд.
https://sputnik.tj/20210702/erdughon-davat-rahmon-tojikiston-meoyad-1040600656.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032420537_120:0:2488:1776_1920x0_80_0_0_a096a8e95bcbfe8a2300a9eaf0fc8244.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, сафар, эрдуғон, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, туркия, сафар, эрдуғон, эмомалӣ раҳмон
Сафари қарибулвуқӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон
21:00 09.07.2021 (Навсозишуда: 14:04 21.07.2021) Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба наздикӣ бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар ин бора сафири Туркия дар Тоҷикистон, ахиран зимни мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода хабар дод.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл зимни мулоқот аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд ва гуфт ба наздикӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
“Ташрифи қарибулвуқӯи Президенти Туркия ба Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид”, - изҳор дошт Эмре Зекӣ Карагёл.
Аммо сафир дақиқи нагуфт, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Туркия ба Тоҷикистон кай сурат мегирад.
Бояд гуфт, чанде пеш Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар, хабар дода буд, ки қарор аст сафари раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Тоҷикистон сурат бигирад.
Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Тоҷикистон бори дигар расман даъват намуд.
"Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нияти Президенти Ҷумҳурии Туркия вобаста ба анҷом додани сафар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон хабар додам", — гуфт Хулусӣ Акар.
Номбурда изҳори боварӣ намуд, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ байни вазоратҳои мудофиа такони тоза мебахшанд.