Дар Русия иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) бекор мешавад

© Пресс-служба мэра и правительства Москвы / Гузариш ба медиабонкВ миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19
В миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Дар Русия мехоҳанд се режими будубоши муҳоҷиронро ҷорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Дар Русия додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ (РВП) ба шаҳрвандони хориҷӣ метавонад бекор карда шавад.
Тарҳи дахлдорро кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия омода кардаанд.
Муаллифон пешниҳод доранд, ки се режими будубош барои муҳоҷирон дар Русия муқаррар карда шавад: кӯтоҳмуддат (на бештар аз 90 рӯз дар як сол), дарозмуддат (беш аз 90 рӯз дар як сол бидуни гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ), истиқомати доимӣ (бемуҳлат).
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) доранд, метавонанд мақсадҳои будубошашонро дар кишвар бидуни убури марз иваз кунанд.
Тибқи лоиҳаи қонун, дар Федератсияи Русия феҳристи даъваткунандагони беинсоф, ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ пайдо шавад.
Ғайр аз ин, дар Русия қавонини муҳоҷирати меҳнатиро ба тариқи нав танзим мекунанд.
Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод кард, ки фаъолияти шаҳрвандони дигар давлатҳо бо истифода аз феҳристи коргарони хориҷӣ ва феҳристи электронии корфармоён назорат карда шавад.
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2019
Русия ҳаҷми боҷи давлатиро барои гирифтани иҷозаи иқомат боло мебарад
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2020 президенти Русия Владимир Путин ислоҳоти қонунгузории муҳоҷиратро тасдиқ кард.
Ҳукумат, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, ФСБ ва Вазорати адлия дар якҷоягӣ бо дастгоҳи президент, дар ислоҳи қавонин саҳм мегиранд.
Сабабҳои ислоҳоти қоидаҳои мавҷуда возеҳ ва рӯшан набудани бархе аз қавонини будубоши муҳоҷирон аст.
Лентаи хабарҳо
0