Рақибони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё муайян шуданд

© ФФТМолодежная сборная по футболу Таджикистана
Молодежная сборная по футболу Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Маросими қуръакашӣ дар шаҳри Тошканд ҳарифони тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-соларо муайян кард
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2022, тими ҷавонони то 23 - солаи Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо Эрон, Лубнон ва Непал сабқат хоҳад кард.
Бозиҳои гуруҳи мазкур аз 23 то 31 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар назаранд, хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон. Бар асоси қуръакашӣ 11 гурӯҳ, аз ҷумла дар минтақаи Ғарби Осиё 6 гурӯҳ ва дар қисмати Шарқ 5 гурӯҳ муайян карда шуданд.
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи “А”: Сурия, Қатар (мизбон), Яман, Шри-Ланка.
Гурӯҳи “В”: Эрон, Тоҷикистон, Ливан, Непал.
Гурӯҳи “С”: Ироқ, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон, Малдив.
Гурӯҳи “D”: Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Қувайт (мизбон), Ӯзбекистон.
Гурӯҳи “Е”: АМА (мизбон), Умон, Ҳиндустон, Қирғизистон.
Гурӯҳи “F”: Урдун (мизбон), Фаластин, Туркманистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи “G”: Австралия, Чин, Индонезия (мизбон), Бруней.
Гурӯҳи “Н”: Кореяи ҷанубӣ, Сингапур (мизбон), Тимори Шарқӣ, Филиппин.
Гурӯҳи “I”: Ветнам, Мянма, Гонконг, Тайбэйи Чин (мизбон).
Гурӯҳи “J”: Таиланд, Малайзия, Лаос, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи “К”: ҶХДК, Ҷопон, Камбоҷа.
Дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё - 2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни 2022 дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд, ёздаҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуввумро гирифтанд, иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0