Имзои боз як Протоколи марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадаме, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома меёбад
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як санади марзӣ имзо шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фарғона гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқот намуданд, менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, аз 4 то 9 июл дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон протоколи марзиро имзо карданд
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ карда, дар бораи хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои саҳроии аломатгузориро дар сарҳади давлатӣ идома медиҳанд. Дар поёни вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.
Пештар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон протоколи марзӣ имзо карда буданд.
Он замон низ, мулоқоти намояндагони се кишвар дар Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор шуд.
Ҳайатҳо дар бораи ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар табодули назар карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0