https://sputnik.tj/20210709/noibi-raisi-kulob-ittihomi-qallobi-suistifoda-mansab-bozdosht-1040782280.html
Ноиби раиси шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми қаллобӣ" ва "суистифода аз мансаб" боздошт шуд
Ноиби раиси шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми қаллобӣ" ва "суистифода аз мансаб" боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" боздошт шудааст.
2021-07-09T18:55+0500
2021-07-09T18:55+0500
2021-07-09T18:55+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кӯлоб
қаллобӣ
боздошт
муовини раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/28/1013652888_0:173:3071:1900_1920x0_80_0_0_021d803280b6aa66f0782c7af2d5243a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Расонаҳои маҳалии Тоҷикистон дар истинод ба додситонии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб ахиран дар утоқи кориаш аз сӯи кормандони амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.Тибқи иттилои расонаҳо мансабдорро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам шудааст.Нисбати Сӯҳроб Раҳимов бо моддаҳои "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" парванда боз шудааст.Ба гуфтаи манбаъ, ӯ рӯзи 5-уми июл дар маҳалли кораш дастгир шудаст ва гуфта мешавад ҳоло дар боздошт қарор дорад.Сӯҳроб Раҳимов соли гузашта муовини раиси ҳукумати Кӯлоб дар масъалаи сохтмон таъин шуда буд.Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нашрияи мустақили "Пайк" моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буд.Бояд гуфт, ки то кунун назари шаҳрдории Кӯлоб ва наздикону пайвандони Раҳимов дар мавриди боздошт ва қазияи ӯ барои расонаҳо дастрас нест. Сӯҳроб Раҳимов дар гузашта раиси корхонаи идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳри Кӯлоб буд.Дар давоми як соли ахир, ин боздошти дувумин мансабдори сатҳи баланд дар шаҳри Кӯлоб аст.Тобистони соли гузашта ҳам раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.
https://sputnik.tj/20201120/Eloni-hukmi-zindoni-Bahrom-Inoyatzoda-sobiq-raisi-shahri-Kulob-1032314535.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/28/1013652888_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1129c3cffe9bce70f61617d6a8686dd6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, ноиби раис, қаллобӣ, боздошт,
тоҷикистон, кӯлоб, ноиби раис, қаллобӣ, боздошт,
Ноиби раиси шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми қаллобӣ" ва "суистифода аз мансаб" боздошт шуд
Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" боздошт шудааст.
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Расонаҳои маҳалии Тоҷикистон дар истинод ба додситонии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб ахиран дар утоқи кориаш аз сӯи кормандони амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳо мансабдорро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам шудааст.
Нисбати Сӯҳроб Раҳимов бо моддаҳои "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" парванда боз шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ӯ рӯзи 5-уми июл дар маҳалли кораш дастгир шудаст ва гуфта мешавад ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Сӯҳроб Раҳимов соли гузашта муовини раиси ҳукумати Кӯлоб дар масъалаи сохтмон таъин шуда буд.
Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нашрияи мустақили "Пайк" моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буд.
Бояд гуфт, ки то кунун назари шаҳрдории Кӯлоб ва наздикону пайвандони Раҳимов дар мавриди боздошт ва қазияи ӯ барои расонаҳо дастрас нест. Сӯҳроб Раҳимов дар гузашта раиси корхонаи идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳри Кӯлоб буд.
Дар давоми як соли ахир, ин боздошти дувумин мансабдори сатҳи баланд дар шаҳри Кӯлоб аст.
Тобистони соли гузашта ҳам раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.