https://sputnik.tj/20210709/dugonik-rufeyda-margi-khoharash-1040780682.html
Дугоники Руфайда баъди марги хоҳараш ба худ наомадааст
Дугоники Руфайда баъди марги хоҳараш ба худ наомадааст
Sputnik Тоҷикистон
Руфайда ва Румайсо, дугоникҳо пеш аз мӯҳлат таваллуд шуда буданд. Онҳо ба ҳамдигар пайванди ногусастание доштанд, аз ин рӯ агар яке аз онҳо бемор шавад, ҳарду азият мекашиданд
2021-07-09T18:22+0500
2021-07-09T18:22+0500
2021-07-09T18:43+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
иҷтимоъ
куштор
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040779694_0:19:540:323_1920x0_80_0_0_ca7de69cb6f111045f257236b751cf62.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Румайсо Иноятова, дугоники Руфайда Иноятова, ки чанде пеш дар ноҳияи Рӯдакӣ даҳшатбор кушта шуд, баъди марги хоҳараш ба худ наомадааст гузориш медиҳад хабаргузории your.tj.Манбаъ дар истинод бибии тифлаки марҳум дар бораи хонаводаи Руфайдаи ғӯрамарг навиштааст.Падари Руфайда Валиҷон Иноятов дар маркази варзишӣ ба ҳайси дастурдиҳанда (инструктор) кор мекунад ва бори зиндагӣ танҳо бар души ӯст. Модарашон бо тарбияи фарзандон машғул буд.Румайсо ва Руфайда 13 июли соли 2013 (Руфайда ҳамагӣ 8 рӯз то 8-солагиаш кушта шуд -идора) пеш аз мӯҳлат таваллуд шуда буданд."Руфайда ва Румайса тобистони гарми соли 2013 пеш аз муҳлат таваллуд шуданд. Барои мо калон кардани дугоникҳо хеле мушкил буд, чун онҳо хеле хурд буданду нигоҳубини хосро талаб мекарданд. Лекин фарзандонам – Валиҷон ва Меҳрангез бо ёрии аҳли хонавода дугоникҳоро калон карданд. Шири модар ба ҳарду намерасид, маҷбур мешудем, ки шири сунъӣ бихарем. Аксар вақт нархи онҳо барои оилаи мо гаронӣ мекард, вале як илоҷ карда дустрӯяконро калон кардем” –гуфтааст бибии духтаракон.Аммо ар замми ин, агар нафаре аз дугоникҳо бемор мешудааст, дуюмӣ низ худро бад ҳис мекардааст. Ба қавли вай, ҳоли модари Руфайда низ бад аст - баъди бо чунин даҳшат кушта шудани фарзандаш зуд-зуд аз ҳуш меравад.Гулсун Иноятова мегӯяд, Руфайда, баръакси Румайсо бисёр духтараки оромтабиат буд. Хоҳараш шӯху чаққон.Руфайда дар мактаби миёнаи умумии рақами 14 -и шаҳри Ҳисор мехонд. Вай дар гурӯҳи русӣ мехондааст. Фанни математикаро дӯст медоштааст. Ҳамчунин хондан ва гӯш кардани афсонаҳоро.“Доим наздам омада менишаст ва хоҳиш мекард, ки пеш аз хоб афсонааш бигӯям. Ҳар гоҳе нафаре дар оилаамон бемор мешуд, Руфайда ман калон шавам духтур мешавам ва Шуморо табобат мекунам мегуфт. Бо лаҳни ширини кӯдаконааш ва дар баробари шахси бемор ғам мехӯрд”, – ба хотир меорад, Гулсун.Валиҷон Иноятов, падари Руфайда феълан барои барқарор кардани адолат талош доштааст.Валиҷон гуфтааст, ки агар ҷазо додани қотили духтарашро ба ихтиёри ӯ мегузоштанд, ӯро дар байни мардум ба қатл мерасонд.Ҳодисае, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ларза овардЁдрас мешавем, Руфайдаро дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 июл бо як бераҳмии махсусан калон ба қатл расониданд. Ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса ҳамсояи сисолаи хонаводаи Иноятовҳо дастгир шуд. Ин ҳодисаи мудҳиш боиси вокуниши шадиди ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Як гурӯҳи фаъолон ба мақомот муроҷиат карданд, ки ҷазо ба чунин намуд ҷиноятҳо дар Тоҷикистон пурзӯр карда шавад.Раиси Маҷиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар посух ба ин нигарониҳо изҳор дошт, ки тафтишоти парвандаи куштори духтаракро зери назорати шахсӣ мегирад.Ҳамчунин дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуне омода мешавад, ки ҷазои барои ҷиноятҳо нисбати кӯдакон пурзӯр гардонида мешавад.Вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон ба ин ҳодиса то дараҷае шадид аст, ки ҳатто бархе аз онҳо талаб доранд ба қотили Руфайда ҳукми қатл ҷорӣ шавад.Пештар Ваколатдори ҳуқуқ дар Тоҷикистон гуфт, ин ҳодисаро маҳкум мекунад ва омодаи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба волидонаш аст.
https://sputnik.tj/20210706/tafsilot-kushtor-duhtaraki-rudaki-1040682471.html
https://sputnik.tj/20210707/rustami-emomali-kushtori-rufeyda-nazorati-taftishot-1040717710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040779694_0:0:540:406_1920x0_80_0_0_f9b049a183dabaf82db7843c287f25ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштор кӯдак
Дугоники Руфайда баъди марги хоҳараш ба худ наомадааст
18:22 09.07.2021 (Навсозишуда: 18:43 09.07.2021) Руфайда ва Румайсо, дугоникҳо пеш аз мӯҳлат таваллуд шуда буданд. Бар заммин он ки волидон онҳоро бо мушкилии зиёд карлон карданд, онҳо ба ҳамдигар пайванди ногусастание доштанд, аз ин рӯ агар яке аз онҳо бемор шавад, ҳарду азият мекашиданд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Румайсо Иноятова, дугоники Руфайда Иноятова, ки чанде пеш дар ноҳияи Рӯдакӣ даҳшатбор кушта шуд, баъди марги хоҳараш ба худ наомадааст гузориш медиҳад хабаргузории
your.tj.
Манбаъ дар истинод бибии тифлаки марҳум дар бораи хонаводаи Руфайдаи ғӯрамарг навиштааст.
Ба гуфтаи Гулсун Иноятова, бибии духтаракон, падару модари Руфайда - Мижгона ва Валиҷон соҳиби чаҳор фарзанд будаанд: дугоникҳо апа доштанд ва як додарак.
Падари Руфайда Валиҷон Иноятов дар маркази варзишӣ ба ҳайси дастурдиҳанда (инструктор) кор мекунад ва бори зиндагӣ танҳо бар души ӯст. Модарашон бо тарбияи фарзандон машғул буд.
Румайсо ва Руфайда 13 июли соли 2013 (Руфайда ҳамагӣ 8 рӯз то 8-солагиаш кушта шуд -идора) пеш аз мӯҳлат таваллуд шуда буданд.
"Руфайда ва Румайса тобистони гарми соли 2013 пеш аз муҳлат таваллуд шуданд. Барои мо калон кардани дугоникҳо хеле мушкил буд, чун онҳо хеле хурд буданду нигоҳубини хосро талаб мекарданд. Лекин фарзандонам – Валиҷон ва Меҳрангез бо ёрии аҳли хонавода дугоникҳоро калон карданд. Шири модар ба ҳарду намерасид, маҷбур мешудем, ки шири сунъӣ бихарем. Аксар вақт нархи онҳо барои оилаи мо гаронӣ мекард, вале як илоҷ карда дустрӯяконро калон кардем” –гуфтааст бибии духтаракон.
Аммо ар замми ин, агар нафаре аз дугоникҳо бемор мешудааст, дуюмӣ низ худро бад ҳис мекардааст.
"Аҷобаташ дар он буд, ки яке бемор шавад, дигарӣ низ ҳатман бемор мешуд, чун онҳо якдигарро эҳсос мекарданд. Ҳамин аст, ки пас аз марги Руфайда – Румайсо низ то ҳол ба худ наомадааст", - нақл мекунад бибӣ.
Ба қавли вай, ҳоли модари Руфайда низ бад аст - баъди бо чунин даҳшат кушта шудани фарзандаш зуд-зуд аз ҳуш меравад.
Гулсун Иноятова мегӯяд, Руфайда, баръакси Румайсо бисёр духтараки оромтабиат буд. Хоҳараш шӯху чаққон.
Руфайда хеле ором ва ниҳоят шармгин буд. Румайсо бошад баръакс шӯху чолок аст. Вай тамошои филмҳои тасвириро бениҳоят дӯст медошт, соатҳо назди телевизор ором менишаст. Ба касе озораш намерасид”,- мегӯяд бибии Руфайдо.
Руфайда дар мактаби миёнаи умумии рақами 14 -и шаҳри Ҳисор мехонд. Вай дар гурӯҳи русӣ мехондааст. Фанни математикаро дӯст медоштааст. Ҳамчунин хондан ва гӯш кардани афсонаҳоро.
“Доим наздам омада менишаст ва хоҳиш мекард, ки пеш аз хоб афсонааш бигӯям. Ҳар гоҳе нафаре дар оилаамон бемор мешуд, Руфайда ман калон шавам духтур мешавам ва Шуморо табобат мекунам мегуфт. Бо лаҳни ширини кӯдаконааш ва дар баробари шахси бемор ғам мехӯрд”, – ба хотир меорад, Гулсун.
Валиҷон Иноятов, падари Руфайда феълан барои барқарор кардани адолат талош доштааст.
Валиҷон гуфтааст, ки агар ҷазо додани қотили духтарашро ба ихтиёри ӯ мегузоштанд, ӯро дар байни мардум ба қатл мерасонд.
Ҳодисае, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ларза овард
Ёдрас мешавем, Руфайдаро дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 июл бо як бераҳмии махсусан калон ба қатл расониданд. Ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса ҳамсояи сисолаи хонаводаи Иноятовҳо дастгир шуд.
Ин ҳодисаи мудҳиш боиси вокуниши шадиди ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Як гурӯҳи фаъолон ба мақомот муроҷиат карданд, ки ҷазо ба чунин намуд ҷиноятҳо дар Тоҷикистон пурзӯр карда шавад.
Раиси Маҷиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар посух ба ин нигарониҳо изҳор дошт, ки тафтишоти парвандаи куштори духтаракро зери назорати шахсӣ мегирад.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуне омода мешавад, ки ҷазои барои ҷиноятҳо нисбати кӯдакон пурзӯр гардонида мешавад.
Вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон ба ин ҳодиса то дараҷае шадид аст, ки ҳатто бархе аз онҳо талаб доранд ба қотили Руфайда ҳукми қатл ҷорӣ шавад.
Пештар Ваколатдори ҳуқуқ дар Тоҷикистон гуфт, ин ҳодисаро маҳкум мекунад ва омодаи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба волидонаш аст.