https://sputnik.tj/20210708/nizomiyon-afghon-tojikiston-vatan-1040753822.html
Низомиёни афғоне, ки ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ба ватан баргаштанд
Низомиёни афғоне, ки ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ба ватан баргаштанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба дунболи шиддат ёфтани ҷанг ва ҳамлаҳои Толибон *дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ аз Бадахшон ба Тоҷикистон паноҳ бурданд 08.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-08T17:25+0500
2021-07-08T17:25+0500
2021-07-08T17:27+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
сарбоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040742813_0:114:2981:1791_1920x0_80_0_0_65d14b88fc5053d65f0819dd7dfc9548.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Ҳудуди 230 сарбози паноҳанда ба Тоҷикистон бар асари ҷанг бо Афғонистон бозгардонда шуданд.Ба гузориши хабаргузории "Парс тудей" мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҳамдулло Муҳиб мегӯяд: Ин сарбозон, ки бар асари шиддати ҷанг бо Толибон дар Бадахшон ба Тоҷикистони паноҳ бурда буданд, дубора ба сафҳои нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ ба Афғонистон бозгаштанд.Ба дунболи шиддат ёфтани ҷанг ва ҳамлаҳои Толибон дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ аз Бадахшон ба Тоҷикистони паноҳ бурданд ва дар натиҷа бисёре аз шаҳристонҳои ин вилоят низ ба дасти Толибон суқут кардааст.Намояндаҳои вилояти Бадахшон дар маҷлиси Афғонистон низ гуфт: Аз миёни 27 шаҳристони Бадахшон, танҳо Карон ва Манҷон дар дасти давлат ва 26 вилоятҳои дигар таҳти Толибон қарор дорад.Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе вазъияти амниятии Афғонистонро нигаронкунанда дониста ва аз нерӯҳои амниятии кишвараш хост амнияти Тоҷикистон ва шаҳрвандонашро таъмин кунанд.Русия ҳам ки як пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад.Афғонистон ҳудуди 1, 375 километр марзи муштарак бо Тоҷикистон дорад.Мақомҳои Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфтанд Толибон*, 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистонро таҳти назорати худ доранд.* Гурӯҳи террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210708/saad-marz-tojikistonu-afghoniston-1040752277.html
https://sputnik.tj/20210708/jangi-afghoniston-nohiyahoi-tolibon-1040745839.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040742813_25:0:2756:2048_1920x0_80_0_0_c4ede6a257140abfb16c92e2c344005a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, сарбоз
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, сарбоз
Низомиёни афғоне, ки ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ба ватан баргаштанд
17:25 08.07.2021 (Навсозишуда: 17:27 08.07.2021) Ба дунболи шиддат ёфтани ҷанг ва ҳамлаҳои Толибон *дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ аз Бадахшон ба Тоҷикистон паноҳ бурданд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Ҳудуди 230 сарбози паноҳанда ба Тоҷикистон бар асари ҷанг бо Афғонистон бозгардонда шуданд.
Ба гузориши хабаргузории "Парс тудей" мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҳамдулло Муҳиб мегӯяд: Ин сарбозон, ки бар асари шиддати ҷанг бо Толибон дар Бадахшон ба Тоҷикистони паноҳ бурда буданд, дубора ба сафҳои нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ ба Афғонистон бозгаштанд.
Ба дунболи шиддат ёфтани ҷанг ва ҳамлаҳои Толибон дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ аз Бадахшон ба Тоҷикистони паноҳ бурданд ва дар натиҷа бисёре аз шаҳристонҳои ин вилоят низ ба дасти Толибон суқут кардааст.
Намояндаҳои вилояти Бадахшон дар маҷлиси Афғонистон низ гуфт: Аз миёни 27 шаҳристони Бадахшон, танҳо Карон ва Манҷон дар дасти давлат ва 26 вилоятҳои дигар таҳти Толибон қарор дорад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе вазъияти амниятии Афғонистонро нигаронкунанда дониста ва аз нерӯҳои амниятии кишвараш хост амнияти Тоҷикистон ва шаҳрвандонашро таъмин кунанд.
Русия ҳам ки як пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад.
Афғонистон ҳудуди 1, 375 километр марзи муштарак бо Тоҷикистон дорад.
Мақомҳои Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфтанд Толибон*, 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистонро таҳти назорати худ доранд.
* Гурӯҳи террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия