https://sputnik.tj/20210708/jonibek-hikmat-dabir-smm-etimodnoma-1040747569.html
Ҷонибек Ҳикмат ба дабири СММ эътимоднома супорид
Ҷонибек Ҳикмат ба дабири СММ эътимоднома супорид
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибек Ҳикмат эътимодномаи худро бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш супоридааст
2021-07-08T14:25+0500
2021-07-08T14:25+0500
2021-07-08T14:52+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
смм
намоянда
антониу гуттериш
эътимоднома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040747152_0:125:1200:800_1920x0_80_0_0_aa966af6055f97d447d8ee61fedef512.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ба Дабири кулл эътимоднома таслим намудааст.Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, Ҷонибек Ҳикмат эътимодномаи худро бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш супоридааст.Гуфта мешавад, пас аз қабули эътимоднома, Гуттереш бо намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баррасӣ намуданд.Илова бар ин, масъалаи амният дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, бахусус вазъияти феълии Афғонистон низ мавриди таваҷҷӯҳи Ҷонибе Ҳикмат ва Антониу Гуттереш қарор гирифт.Ёдовар мешавем, авохири моҳи апрел, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадамин Маҳмадаминро аз вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ барканор ва ба ҷои ӯ Ҷонибек Ҳикматро таъйин намуд.Ҷонибек Ҳикмат соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав дар Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолият кард.
https://sputnik.tj/20210513/muhammadaminov-gutterish-hayrbodi-1039427955.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040747152_84:0:1151:800_1920x0_80_0_0_c50c705e286b32026c72ef31b8eea8c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоянда тоҷикистон смм эътимоднома
намоянда тоҷикистон смм эътимоднома
Ҷонибек Ҳикмат ба дабири СММ эътимоднома супорид
14:25 08.07.2021 (Навсозишуда: 14:52 08.07.2021) Ҷонибек Ҳикмат бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба курсии Маҳмадамин Маҳмадаминов такя зада буд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ба Дабири кулл эътимоднома таслим намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҷонибек Ҳикмат эътимодномаи худро бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш супоридааст.
Гуфта мешавад, пас аз қабули эътимоднома, Гуттереш бо намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, масъалаи амният дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, бахусус вазъияти феълии Афғонистон низ мавриди таваҷҷӯҳи Ҷонибе Ҳикмат ва Антониу Гуттереш қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, авохири моҳи апрел, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадамин Маҳмадаминро аз вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ барканор ва ба ҷои ӯ Ҷонибек Ҳикматро таъйин намуд.
Ҷонибек Ҳикмат соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.
Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.
Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав дар Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолият кард.