Боз як сокини Чоркӯҳ бо манзили истиқоматӣ таъмин шуд

© котиботи ҳукумати ХатлонТақдими хонаҳои навбунёд ба оилаҳои осебдида аз офати табиӣ дар ноҳияи Абдуроҳмони Ҷомӣ аз сӯи масъулини ҳукумати Хатлон
Тақдими хонаҳои навбунёд ба оилаҳои осебдида аз офати табиӣ дар ноҳияи Абдуроҳмони Ҷомӣ аз сӯи масъулини ҳукумати Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Манзили истиқоматӣ барои як оила бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардидааст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Боз як сокини Чоркӯҳ бо манзили истиқоматӣ таъмин шуд, хабар медиҳад Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, экологҳои Суғд ба сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара манзили истиқоматӣ бунёд намуданд.
Манзил дар маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара бунёд гардидааст.
Манзили истиқоматӣ барои як оила бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардидааст.
Тақдими хонаҳо ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Сомониёни ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
То сӯзану ришта: тақдими пурраи хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ - акс
"Хона аз ду ҳуҷра ва долон иборат буда, дар муддати кутоҳ бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили табақу коса, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон, дарзмол, қолину парда ва дигар ашёҳои хоҷагидорӣ таъмин мебошад", - таъкид мекунад кумита.
Ёдрас мешавем, чанде пеш дар Исфара ба сокинони аз муноқиҳаои марзӣ зарардида калиди хонаҳои навашонро тақдим карданд.
Дар умум 28 манзили нав ба 29 оила тақдим шудааст. Ин теъдод 17 хона дар деҳаи Сомониён ва 11 манзил дар деҳаи Хоҷаи Аъло ба сокинони аз муноқишаҳои марзӣ зарардида тақдим шуд.
Қаблан масъулини ҳукумати Суғд гуфта буданд, ки дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар умум манзили истиқоматии 27 оила дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара тахриб шудаанд.
Баъзе аз ин хонаҳо қисман хароб шуда, қисмати дигар аз оташи тир ба пуррагӣ сӯхтаанд.
Лентаи хабарҳо
0