https://sputnik.tj/20210708/baghojduzdi-hatsayr-istanbul-dushanbe-pulis-zan-bozdosht-1040740811.html
Бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе": пулис зани 55 - соларо боздошт кард
Бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе": пулис зани 55 - соларо боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Мусофир дар фурудгоҳи Душанбе аснои қабули бағоҷ пай бурд, ки касе аз ӯ пештар бағоҷашро гирифтааст. Ӯ ба кормандони пулис муроҷиат карду онҳо ин мусофири "фаъол" - ро боздошт карданд
2021-07-08T12:15+0500
2021-07-08T12:15+0500
2021-07-08T17:20+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
бағоҷ
вуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/80/1029288020_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_c06ce95b402243eddc1e664e88e139c7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бағоҷи як мусофир рабуда шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе" иттифоқ афтодааст. Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 21 май рух додааст, вале котиботи вазорат аз муайян ва дастгир шудани гумонбаршаванда имрӯз хабар доданд.Манбаъ меафзояд, мусофир, ки тариқи хатсайри рақами 104 аз Истамбул ба Душанбе омад, аснои фуруд омадан ва қабул кардани бағоҷ, борхалтаи худро пайдо накард.Зимнан, ӯ ба кормандони милиса аз нопадид шудани бағоҷаш шикоят бурд ва кормандони ин ниҳод дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, зани 55 - соларо ҳамчун гумонбар боздошт намуданд.Дар хабари вазорат таъйид нашудааст, ки мусофири ҷабрдида шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ё Туркия. Танҳо қайд гардидааст, ки ҳаҷми зарари расида 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210624/bozdosht-javonzan-duzdi-1040409088.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/80/1029288020_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_c331dbfb978f3cd7172926bff7419b1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе фурудгоҳ бағоҷ дуздӣ
душанбе фурудгоҳ бағоҷ дуздӣ
Бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе": пулис зани 55 - соларо боздошт кард
12:15 08.07.2021 (Навсозишуда: 17:20 08.07.2021) Мусофир дар фурудгоҳи Душанбе аснои қабули бағоҷ пай бурд, ки касе аз ӯ пештар борхалмаашро гирифтааст. Ӯ ба кормандони пулис муроҷиат карду онҳо ин мусофири "фаъол" - ро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бағоҷи як мусофир рабуда шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бағоҷдуздӣ дар хатсайри "Истамбул-Душанбе" иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 21 май рух додааст, вале котиботи вазорат аз муайян ва дастгир шудани гумонбаршаванда имрӯз хабар доданд.
Манбаъ меафзояд, мусофир, ки тариқи хатсайри рақами 104 аз Истамбул ба Душанбе омад, аснои фуруд омадан ва қабул кардани бағоҷ, борхалтаи худро пайдо накард.
Зимнан, ӯ ба кормандони милиса аз нопадид шудани бағоҷаш шикоят бурд ва кормандони ин ниҳод дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, зани 55 - соларо ҳамчун гумонбар боздошт намуданд.
Дар хабари вазорат таъйид нашудааст, ки мусофири ҷабрдида шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ё Туркия. Танҳо қайд гардидааст, ки ҳаҷми зарари расида 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.