Дар Суғд ба номи Баҳриддин Камолиддинов мактаб номгузорӣ шуд

© Личный архив КамолиддиновПрофессор Бахриддин Камолиддинов, известный языковед и лингвист
Профессор Бахриддин Камолиддинов, известный языковед и лингвист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 - уми ноҳияи Ашт ба номи профессори зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Номгузорӣ шудани мактабе ба номи профессор Камолиддинов дар ноҳияи Аштро ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд таъйид намуданд.
Манбаъ изҳор дошт, ки қаблан як кӯча низ дар ноҳияи мазкур ба номи устоди Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд.
© facebook/Nishonboi MadumarianНомгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои ноҳияи Ашт ба номи марҳум профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси шинохтаи тоҷик
Номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои ноҳияи Ашт ба номи марҳум профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси шинохтаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои ноҳияи Ашт ба номи марҳум профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси шинохтаи тоҷик
Профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси машҳури кишвар, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 дар авҷи бедодгариҳои коронавирус дар синни 85-солагӣ, баъди як рӯзи фавти духтараш Гулнора даргузашт. Ӯ дар пойтахти Тоҷикистон ба хок супорида шуд.
Баҳриддин Камолиддинов, 8- уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шуда онро 1953 ба итмом расонида худи ҳамон сол фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз менамояд.
Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Дастури Рустами Эмомалӣ барои тоҷикӣ кардани номгузориҳо дар пойтахт
Марҳум солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 ба вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст. Ӯ кори омӯзгорияшро то охири умр идома дод.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, илмию методӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0