Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, марҳилаи хатарноки пандемия фаро расид

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМюнхенская конференция по безопасности
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, кишварҳое, ки ба ваксину дигар чораҳои пешгирикунанда дастрасӣ надоранд, ба маргу мири зиёд рӯбарӯ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тедрос Адан Гебресиесус аз фаро расидани марҳилаи хатарноктарини пандемияи коронавирус ҳушдор медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳое, ки воситаҳои мубориза бо коронавирусро доранд, камтар талафот мебинанд, аммо давлатҳое, ки ба ваксину дигар чораҳои пешгирикунанда дастрасӣ надоранд, ба маргу мири зиёди одамон рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Манобеи РИА Новости аз қавли роҳбари СҶБ менависад, ки ягона роҳи баромадан аз ин вазъияти ногувор, тақсими одилонаи тест, ваксин ва таҷҳизоти муҳофизаткунанда аз вирус байни тамоми кишварҳо мебошад.
Женщина в защитной маске на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Афзоиши рекордии беморони коронавирус дар Тоҷикистон: омори вазорат
Зимнан, ҷаноби Тедрос ба беҳ шудани вазъияти коронавирус низ бовар дорад. Аммо ӯ мегӯяд, ин кор танҳо дар сурате имконпазир хоҳанд шуд, агар барномаи COVAX бештар фаъол бошад ва кишварҳои дар ҳоли рушдро аз ваксин ба таври саривақтӣ таъмин намояд.
Тибқи маълумоти СҶБ, аз оғози пандемия дар саросари ҷаҳон тақрибан 184 миллион ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки қариб чор миллион беморон фавтиданд.
Дар давоми рӯзи гузашта шумораи гирифторони ин беморӣ 326 ҳазор нафар ва мавориди фавт 6347 нафар афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0