https://sputnik.tj/20210707/piri-farmokologho-qurbon-covid-1040711736.html
“Пири фармакологҳо” ҳам қурбонии COVID-19 шуд
“Пири фармакологҳо” ҳам қурбонии COVID-19 шуд
Sputnik Тоҷикистон
Академик Карим Ҳайдаров, асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ, дар синни 86-солагӣ олами фониро тарк кард 07.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-07T15:11+0500
2021-07-07T15:11+0500
2021-07-07T17:41+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
даргузашт
тиббӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_0:181:3000:1869_1920x0_80_0_0_a586ab6898c914076b25657d652e445e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фармакологи маъруф ҳудуди 10 рӯзи қабл бо иттифоқи ҳамсараш, ки то нафақа устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд ва писараш дар Шифохонаи сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, бистарӣ шуда буданд. “Духтурон маризии ӯ ва аъзои хонаводаашро монанд ба “вируси корона” ташхис доданд. Вазъи ҳамсару писараш муътадил арзёбӣ мешавад. Аммо худи Карим Ҳайдаров ҷон ба Ҷонофарин таслим карданд”, - гуфт ӯ. Карим Ҳайдаров 9 майи соли 1934 дар деҳаи Хоҷабайқули ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) таваллуд шуда, хатмкардаи мактаби тиббии Душанбе (1951-1953) ва факултаи табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1953-1959) бо ихтисоси духтури табобатӣ аст. Соли 1964 ҳанӯз замоне, ки дар шифохонаи шаҳри Норак, сардухтур буд, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Омӯзиши қиёсии фармакологии "Триакантин" ва “Папаверин” дифоъ кардааст. Ӯ баъдтар аз ходими хурди илмӣ то мудири шӯъбаи биофармакология, мудири озмоишгоҳи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии улуми Тоҷикистон (1968-2005) буд. Соли 1972 рисолаи доктории худро дифоъ намуд. Карим Ҳайдаров як замон раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон (1991-1995), ҳамзамон ассистент ва профессори кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Ӯ асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ буда, бо иттифоқи шогирдонаш ба саноати тиббӣ доруҳои "Триакантин", "Карбатин", "Равғани ангат"-ро, ки бо тарзи нав ҳосил карда шудаанд, пешниҳод кардааст. Доруҳои ба даст овардааш "Тимогар" ва "Тимотсин" барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ, ҳангоми беҳолати ҷисмонӣ истифода мегарданд. Карим Ҳайдаров соҳиби беш аз 370 таълифоти илмӣ, 80 навоварӣ ва кашфиёт аст. Дар бисёр симпозиуму конфаронси байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст. Соли 1989 унвони Ихтироъкори шоистаи ҶШС Тоҷикистонро ба даст оварда, аз соли 1997 Академики Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҷоизаи ба номи Султон Умарови Акададемияи милии улуми Тоҷикистон (2009) буд ва соли 2020 Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Синоро камоӣ кардааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004980_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_0dacb62e44d3b8edae11c1a142ae7ae1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, даргузашт, тиббӣ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, даргузашт, тиббӣ
“Пири фармакологҳо” ҳам қурбонии COVID-19 шуд
15:11 07.07.2021 (Навсозишуда: 17:41 07.07.2021) Академик Карим Ҳайдаров, асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ, дар синни 86-солагӣ олами фониро тарк кард
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фармакологи маъруф ҳудуди 10 рӯзи қабл бо иттифоқи ҳамсараш, ки то нафақа устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд ва писараш дар Шифохонаи сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, бистарӣ шуда буданд.
“Духтурон маризии ӯ ва аъзои хонаводаашро монанд ба “вируси корона” ташхис доданд. Вазъи ҳамсару писараш муътадил арзёбӣ мешавад. Аммо худи Карим Ҳайдаров ҷон ба Ҷонофарин таслим карданд”, - гуфт ӯ.
Карим Ҳайдаров 9 майи соли 1934 дар деҳаи Хоҷабайқули ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) таваллуд шуда, хатмкардаи мактаби тиббии Душанбе (1951-1953) ва факултаи табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1953-1959) бо ихтисоси духтури табобатӣ аст.
Соли 1964 ҳанӯз замоне, ки дар шифохонаи шаҳри Норак, сардухтур буд, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Омӯзиши қиёсии фармакологии "Триакантин" ва “Папаверин” дифоъ кардааст. Ӯ баъдтар аз ходими хурди илмӣ то мудири шӯъбаи биофармакология, мудири озмоишгоҳи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии улуми Тоҷикистон (1968-2005) буд.
Соли 1972 рисолаи доктории худро дифоъ намуд. Карим Ҳайдаров як замон раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон (1991-1995), ҳамзамон ассистент ва профессори кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд.
Ӯ асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ буда, бо иттифоқи шогирдонаш ба саноати тиббӣ доруҳои "Триакантин", "Карбатин", "Равғани ангат"-ро, ки бо тарзи нав ҳосил карда шудаанд, пешниҳод кардааст.
Доруҳои ба даст овардааш "Тимогар" ва "Тимотсин" барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ, ҳангоми беҳолати ҷисмонӣ истифода мегарданд.
Карим Ҳайдаров соҳиби беш аз 370 таълифоти илмӣ, 80 навоварӣ ва кашфиёт аст. Дар бисёр симпозиуму конфаронси байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст.
Соли 1989 унвони Ихтироъкори шоистаи ҶШС Тоҷикистонро ба даст оварда, аз соли 1997 Академики Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҷоизаи ба номи Султон Умарови Акададемияи милии улуми Тоҷикистон (2009) буд ва соли 2020 Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Синоро камоӣ кардааст.