Макгрегор ба Поре пеш аз рақобати сеюм паём фиристод

© AFP 2023 / Steve MarcusКонор Макгрегор
Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Размикорон аллакай ду маротиба - соли 2014 ва авоили соли 2021 вохӯрда буданд. Бори аввал Конор пирӯз шуду, дар муборизаи дуюм Дастин зӯртар баромад. Муқовимати онҳо бояд бо муборизаи сеюм хотима ёбад
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Муборизи UFC-и Конор Макгрегори ирландӣ барои рақиби амрикоияш Дастин Поре паём фиристод.
Варзишкор сабти овозашро дар Твиттер нашр кардааст.

"Дастин ... як ҷаҳиш ... ва ман ба сари ту меравам", - гуфтааст Макгрегор.

Рӯзи 11 июл муборизони номдорро муҳорибаи сеюм интизор аст.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Хабиб Нурмагомедов посетил турнир EFC 36 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Конор аввалу Ҳабиб дуюм: номи сарватмандтарин размикорони ММА маълум шуд
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.
Ёдрас мешавем, ки пештар UFC дар саҳифаи расмиаш дар YouTube қабл аз набарди варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор ва муборизи амрикоӣ Дастин Поре навори диданӣ нашр кард.
Дар навор аз суханони Президенти 26-уми Иёлоти Муттаҳида Теодор Рузвелт иқтибос оварда мешавад, ки мегӯяд, инсон дар арена кист ва бояд чӣ хислатеро доро бошад.
Дар навор лаҳзаҳои диданӣ ва эҳсосоти ҳарду варзишкор пас аз бурду бохтҳо нишон дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0