https://sputnik.tj/20210707/lavrov-vaz-afghoniston-arzyobi-kard-1040701897.html
Лавров вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард
Лавров вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бори аввал дар бораи вазъи Афғонистон изҳори назар кард
2021-07-07T11:00+0500
2021-07-07T11:00+0500
2021-07-07T14:13+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
сергей лавров
дар русия
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040700182_0:60:3079:1791_1920x0_80_0_0_3ee28b4c12214122c94809925d5c0512.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз мулоқот бо ҳамтояш аз Лаос, дар як нишасти хабарӣ вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард. Вай қайд кард, ки Русия вазъи минтақаро бодиққат назорат мекунад.Вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки ӯҳдадориҳои Русия ба ҳайси узви СААД боқӣ мондаанд ва намояндагони созмон аллакай ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон омада вазъро арзёбӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки аз 1 май ИМА раванди фаъоли хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ кишварро тарк кардаанд.Ғайр аз ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз қаламрав берун шуданд.Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни "Толибон"* фаъолтар гардиданд.Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон" дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён дорад. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 вулусволӣ зери назорати ҷангиён гузашт.Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210707/putin-rahmon-mirziyoev-tamos-1040701286.html
https://sputnik.tj/20210706/zabt-zodgoh-masud-rasidani-tolibon-panjsher-1040690949.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040700182_162:0:2893:2048_1920x0_80_0_0_882f564111099912b8dd92b99b55487f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, вазъ, афғонистон, арзёбӣ
лавров, вазъ, афғонистон, арзёбӣ
Лавров вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард
11:00 07.07.2021 (Навсозишуда: 14:13 07.07.2021) Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бори аввал дар бораи вазъи Афғонистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пас аз мулоқот бо ҳамтояш аз Лаос, дар як нишасти хабарӣ вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард.
Вай қайд кард, ки Русия вазъи минтақаро бодиққат назорат мекунад.
"Мо вазъи Афғонистонро, бодиққат пайгирӣ мекунем. Он ҷо авзоъ аз ҷумла дар пасманзари хуруҷи сареъи нерӯҳои Амрико ва НАТО, ки дар тӯли даҳсолаҳо дар ин кишвар барои ба эътидол овардани вазъ дар он натиҷаҳои назаррас ба даст наовардаанд", - гуфт Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки ӯҳдадориҳои Русия ба ҳайси узви СААД боқӣ мондаанд ва намояндагони созмон аллакай ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон омада вазъро арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 май ИМА раванди фаъоли хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ кишварро тарк кардаанд.
Ғайр аз ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз қаламрав берун шуданд.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни "Толибон"* фаъолтар гардиданд.
Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон" дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён дорад. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 вулусволӣ зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар