https://sputnik.tj/20210707/hazor-zanu-kudaki-gurezai-afghon-dar-vmkb-panoh-burdand-1040731354.html
Занону кӯдакони афғон дар ВМКБ паноҳ бурданд
Занону кӯдакони афғон дар ВМКБ паноҳ бурданд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан гурезаҳои Афғонистон дар ВМКБ бо ғизо ва тамоми шароити созгор таъмин гардидаанд 07.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-07T18:54+0500
2021-07-07T18:54+0500
2021-07-07T19:07+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
марз
гурезаҳо
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102146/17/1021461721_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_36d4cca86f348c8525cc77a51c067882.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар пайи вазъи ноороми Афғонистон шаҳрвандони ин кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шудаанд. Дар ин бора котиботи раиси ин вилоят хабар дод.Феълан теъдоди умумии гурезаҳои афғон номаълум аст, вале бар тибқи баъзе сарчашмаҳо сафи онҳо аз 1000 нафар беш аст. Гуфта мешавад, ба қаламрави Тоҷикистон асосан занону кӯдакон фирор кардаанд.Бояд гуфт, ки раиси ВМКБ Файзов Ёдгор пас аз нахустин хабарҳо дар мавриди ҳамлаи Толибон аз омодагиҳо барои қабули гурезагон аз Афғонистон иттилоъ дода буд.Зимнан, Файзов бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи фирориён аз Афғонистонро баррасӣ кард.Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот бо роҳбарони ВМКБ аз қабули фирориёни Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон тавсиф кардаанд.Ба иттилои манбаъ, раиси ВМКБ аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудратӣ барои таъмини будубоши гурезагон ва мушкилот ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод.Таъкид шудааст, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳолӣ корбарӣ намуда паноҳбурдагонро бо ғизо, рахти хоб, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст.Файзов бо СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро баррасӣ кардДафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ҳадафи дигари ин мулокот ҳамкории минбаъда бо СММ ва Бунёди Оқохон дар мавриди вазъи Афғонистону ҷой додани фирориён мебошад.Манбаъ афзуд, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ин самт танҳо набуда, созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кишварро дастгирӣ хоҳанд кард.Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намудаанд.Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи амалиёти созмони террористии мамнуъ - Толибон дар шимоли Афғонистон садҳо нафар аз ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
https://sputnik.tj/20210707/tolibon-avvalin-viloyatro-fath-kardand-1040706868.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102146/17/1021461721_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_d8b8822e1163f66c4541c3651c85ea91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб гурезаҳо афғонистон
Занону кӯдакони афғон дар ВМКБ паноҳ бурданд
18:54 07.07.2021 (Навсозишуда: 19:07 07.07.2021) Феълан гурезаҳои Афғонистон дар ВМКБ бо ғизо ва тамоми шароити созгор таъмин гардидаанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар пайи вазъи ноороми Афғонистон шаҳрвандони ин кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шудаанд. Дар ин бора котиботи раиси ин вилоят хабар дод.
Феълан теъдоди умумии гурезаҳои афғон номаълум аст, вале бар тибқи баъзе сарчашмаҳо сафи онҳо аз 1000 нафар беш аст. Гуфта мешавад, ба қаламрави Тоҷикистон асосан занону кӯдакон фирор кардаанд.
Бояд гуфт, ки раиси ВМКБ Файзов Ёдгор пас аз нахустин хабарҳо дар мавриди ҳамлаи Толибон аз омодагиҳо барои қабули гурезагон аз Афғонистон иттилоъ дода буд.
Зимнан, Файзов бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи фирориён аз Афғонистонро баррасӣ кард.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот бо роҳбарони ВМКБ аз қабули фирориёни Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон тавсиф кардаанд.
"Қабули гурезаҳо аз Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити муташанниҷи минтақа, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии коронавирус худ як мисоли барҷастаи масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст", - таъкид шудааст дар мулоқоти Файзов бо намояндагони шарикони рушд.
Ба иттилои манбаъ, раиси ВМКБ аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудратӣ барои таъмини будубоши гурезагон ва мушкилот ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод.
Таъкид шудааст, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳолӣ корбарӣ намуда паноҳбурдагонро бо ғизо, рахти хоб, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ҳадафи дигари ин мулокот ҳамкории минбаъда бо СММ ва Бунёди Оқохон дар мавриди вазъи Афғонистону ҷой додани фирориён мебошад.
Манбаъ афзуд, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ин самт танҳо набуда, созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кишварро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи амалиёти созмони террористии мамнуъ - Толибон дар шимоли Афғонистон садҳо нафар аз ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.