Абдурозиқ дар давоми як шабонарӯз миллионер шуд

© Youtube / Avlod MediaТаджикский особенный мальчик- певец Абдурозик
Таджикский особенный мальчик- певец Абдурозик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Ҳанӯз рӯзе қабл теъдоди ҳамвандони ситораи интернет, овозхони машҳур Абдурозиқ 988 ҳазор буд ва имрӯз ба 1 миллион баробар шуд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Ба саҳифаи ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ, овозхони ғайриоддӣ Абдурозиқ дар давоми як шабонарӯз 12 ҳазор кас обуна шудааст.
Ҳамакнун ҳаёт ва фаъолияти сарояндаро дар Instagram 1 миллион нафар пайгирӣ мекунад.
Дар ин бора Абдурозиқ дар саҳифааш дар Instagram хабар дода, ба ҳамвандонаш изҳори сипос кардааст.

"Алҳамдулиллоҳ имрӯз мо 1 миллион шудем! Барои ҳамаш раҳмат, сипос, ки маро ҳамроҳӣ мекунед ва ҳамавақт дастгириам менамоед", - навиштааст сароянда дар зери аксе, ки ҳамроҳи Барон, сарпарасташ нашр кардааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз дирӯз обуначиёни саҳифаи Абдурозиқ ҳамагӣ 988 ҳазор буд.
Абдурозик в Дубае  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Парашют, шартнома ва камарбанди WBC: Абдурозиқ дар Дубай айш дорад
Ногуфта намонад, ки пеш аз Абдурозиқ ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё миллионер шуд.

Топ 5 овозхони серобуначии Instagram

Шабнами Сурайё - 1 миллион
Абдурозиқ- 1 миллион
Зулайхо Маҳмадшоева - 934 ҳазор
Меҳрнигори Рустам - 794 ҳазор
Фарзонаи Хуршед - 657 ҳазор
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Абдурозиқ ба Дубай сафар карда буд ва он ҷо бо тими миллии АМА "Ал-Васл" шартномаи ҳамкорӣ баст.
Абдурозиқ аз мағлуб кардани Хасбулло то орзуи мошини махсусу роҳати падар гуфт - навор
Ҳамчунин Абдурозиқ барои доир намудани муҳориба бо ҳамсолу ҳамвазни худ Хасбулло ба Доғистон рафта буд ва суҳбати рӯбарӯи онҳо дар шабакаи Youtube ба яке аз барномаҳои сербинандатарин табдил ёфт.
Ин ду сафари муҳим дар ҳаёти Абдурозиқ саҳифаи ӯро дар Instagram ҳам серҳамвандтарин карданд.
Лентаи хабарҳо
0