Ӯзбекистон баргузории тамоми чорабиниҳои оммавиро манъ кард

CC BY-SA 4.0 / LBM1948 / Медресе Мири-Араб; Ансамбль По-и-Калян. Бухара, Узбекистан
Медресе Мири-Араб; Ансамбль По-и-Калян. Бухара, Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Ситоди фаврӣ оиди мубориза алайҳи коронавирус қарор содир намуд, ки баргузории тамоми маъракаҳои оммавӣ мамнӯъ карда шавад
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба вазъи нохуби коронавирус дар ҷумҳурӣ фаъолияти тетр ва толори синаморо мамнӯъ кард. Ҳамчунин баргузории тамоми чорабиниҳои оммавӣ ҳам манъ када шуд.
"Дар робита ба вазъи эпидемиологӣ дар Ӯзбекистон баргузории тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла доир гардидани консерту фестивалҳо ва инчунин тетру толорҳои синамо мамнӯъ карда шуд", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.
Илова бар ин, бо қарори вазорат баргузор шудани мусобиқаҳои варзишӣ минбаъд бидуни тамошобинон сурат мегиранд.
Гуфта мешавад, сар аз 1 август теъдоди меҳмонон дар маъракаҳои хурсандӣ низ то 50 нафар коҳиш дода мешавад.
Чунин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки вақтҳои охир ҳамарӯза мавридҳои нави сироятшавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба беш аз 400 нафар мерасад, дар ҳоле, ки моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ сатҳи ҳолатҳои нави мубталошавӣ дар як рӯз на бештар аз 50 нафар буд.
Дар Тоҷикистон феълан ягон маҳдудият ҷорӣ нагардидааст. Қаблан Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID- 19 эълон намуд .ки ваксинатсия дар Тоҷикистон барои афроди аз 18 - сола боло ҳатмӣ карда шуд.
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Делта" - навъи ҳиндии коронавирус ба Ӯзбекистон расид
Зимнан, ин ниҳод аз тамоми шаҳрвандон даъват намуд, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тӯю хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд.
"Ба шаҳрвандоне, ки баъд аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ташхиси бемории сироятии коронавирус гузашта, новобаста аз ҷавоби мусбӣ ё манфии ташхис давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон, дар ҳуҷраи алоҳида ба муҳофизати тиббии бехатарӣ фаро гиранд", - таъкид гардида буд дар муроҷиати Ситод.
Ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват шудаст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.
Лентаи хабарҳо
0