https://sputnik.tj/20210706/tolibon-naqsha-sulh-afghoniston-tahiya-nakardaand-1040681335.html
"Толибон"* гуфтанд, ягон нақшаи сулҳ дар Афғонистонро таҳия накардаанд
"Толибон"* гуфтанд, ягон нақшаи сулҳ дар Афғонистонро таҳия накардаанд
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон" гузоришҳои расонаҳоро дар бораи омода кардани нақшаи сулҳ дар Афғонистон бепоя хонданд
2021-07-06T15:05+0500
2021-07-06T15:05+0500
2021-07-07T14:10+0500
амният ва мудофиа
толибон
осиё
нақша
дар русия
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102814/09/1028140927_0:299:3110:2048_1920x0_80_0_0_e19af7376ce78986168ed901efd611f7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ҷунбиши радикалии "Толибон" нақшаи барномаи сулҳ дар Афғонистонро таҳия намекунад, гуфт намояндаи гурӯҳ Наим Вардак ба РИА Новости. Вай таъкид кард, ки "Толибон" ҳеҷ гуна барномаеро барои баррасӣ ба нерӯҳои ҳукуматӣ пешниҳод карданӣ нестанд. Қаблан хабаргузории Reuters бо такя ба як узви дигари ҷунбиши радикалӣ Забиуллоҳ Муҷоҳид хабар дода буд, ки "Толибон" то охири тобистон нақшаи хаттии сулҳро ба мақомоти Афғонистон пешниҳод мекунанд. Ёдовар мешавем, ки аз 1 май ИМА раванди фаъоли хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ кишварро тарк кардаанд. Ғайр аз ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз қаламрав берун шуданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни "Толибон" фаъолтар гардиданд. Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон" дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён дорад. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 вулусволӣ зери назорати ҷангиён гузашт. Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210706/tolibon-faroyand-sulh-surat-hohad-girift-1040678906.html
https://sputnik.tj/20210706/gurezagon-afghoniston-rusiya-muhojir-1040672598.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102814/09/1028140927_379:0:3110:2048_1920x0_80_0_0_dd827f54be9cf1e1ea3ab173a689920e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, тоҷикистон, амният,
толибон, афғонистон, тоҷикистон, амният,
"Толибон"* гуфтанд, ягон нақшаи сулҳ дар Афғонистонро таҳия накардаанд
15:05 06.07.2021 (Навсозишуда: 14:10 07.07.2021) "Толибон" гузоришҳои расонаҳоро дар бораи омода кардани нақшаи сулҳ дар Афғонистон, бепоя хонданд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ҷунбиши радикалии "Толибон" нақшаи барномаи сулҳ дар Афғонистонро таҳия намекунад, гуфт намояндаи гурӯҳ Наим Вардак ба РИА Новости.
Вай таъкид кард, ки "Толибон" ҳеҷ гуна барномаеро барои баррасӣ ба нерӯҳои ҳукуматӣ пешниҳод карданӣ нестанд.
"Дар баъзе расонаҳо хабарҳои беасосе паҳн шуданд, ки гуиё Аморати Исломӣ (Толибон - идора.) нақша ё барномаи сулҳро таҳия кардааст ва онро моҳи оянда ба маъмурияти Кобул месупорад. Ҳеҷ чунин чизе нест", - гуфт сухангӯи "Толибон".
Қаблан хабаргузории Reuters бо такя ба як узви дигари ҷунбиши радикалӣ Забиуллоҳ Муҷоҳид хабар дода буд, ки "Толибон" то охири тобистон нақшаи хаттии сулҳро ба мақомоти Афғонистон пешниҳод мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 май ИМА раванди фаъоли хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ кишварро тарк кардаанд.
Ғайр аз ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз қаламрав берун шуданд.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни "Толибон" фаъолтар гардиданд.
Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон" дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён дорад. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 вулусволӣ зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар