https://sputnik.tj/20210706/safir-tojikiston-mushovir-amniyati-afghoniston-1040688204.html
Сафир мавқеи роҳбарияти Тоҷикистонро ба мушовири амниятии Афғонистон расонд
Сафир мавқеи роҳбарияти Тоҷикистонро ба мушовири амниятии Афғонистон расонд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо мушовири амнияти миллии Афғонистон вазъи ин кишварро баррасӣ кардаанд
2021-07-06T16:50+0500
2021-07-06T16:50+0500
2021-07-07T14:14+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040687920_0:64:1201:739_1920x0_80_0_0_de362aa8faca84d947498f430aeef451.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Кобул мулоқоти Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон баргузор гардид. Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амният дар сарҳад ва вазъияти амниятии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокирот аст.Ин дар ҳолест, ки ҳаракати мамнӯи Толибон* тайи ҳафтаҳои охир бисёре аз навоҳии ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишғол карда, беш аз ҳазор низомии афғонро водор ба фирор ба қаламрави Тоҷикистон намуданд. Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амниятӣ хостори пурзӯр кардани ҳифзи марз дар минтақаҳое, ки зарур аст, дастур дод. Раисиҷумҳур ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ супориш дод, ки ҳудуди 20 ҳазор низомии эҳтиётиро барои таҳкими амният ва ҳифзи сарҳад бо Афғонистон равона созад.
https://sputnik.tj/20210706/vuh-rusiya-amniyat-marzitojikiston-afghoniston-1040682296.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040687920_47:0:1114:800_1920x0_80_0_0_dc64fa88960298dfe8f30b9f537e39fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир, мулоқот, роҳбарият, афғонистон, амният
сафир, мулоқот, роҳбарият, афғонистон, амният
Сафир мавқеи роҳбарияти Тоҷикистонро ба мушовири амниятии Афғонистон расонд
16:50 06.07.2021 (Навсозишуда: 14:14 07.07.2021) Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо мушовири амнияти миллии Афғонистон вазъи ин кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Кобул мулоқоти Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амният дар сарҳад ва вазъияти амниятии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокирот аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳаракати мамнӯи Толибон* тайи ҳафтаҳои охир бисёре аз навоҳии ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишғол карда, беш аз ҳазор низомии афғонро водор ба фирор ба қаламрави Тоҷикистон намуданд.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амниятӣ хостори пурзӯр кардани ҳифзи марз дар минтақаҳое, ки зарур аст, дастур дод.
Раисиҷумҳур ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ супориш дод, ки ҳудуди 20 ҳазор низомии эҳтиётиро барои таҳкими амният ва ҳифзи сарҳад бо Афғонистон равона созад.