https://sputnik.tj/20210706/marg-omuzgor-donishgoh-omuzgor-1040696374.html
30 – сола: марги нобаҳангоми як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи омӯзгорӣ
30 – сола: марги нобаҳангоми як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи омӯзгорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Устоди ҷавони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон даргузашт
2021-07-06T20:58+0500
2021-07-06T20:58+0500
2021-07-07T17:42+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
маориф
даргузашт
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102555/47/1025554722_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_bee0823a574be28766c9f4a591f35def.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Яке аз ҳамкорони ӯ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум дирӯз пас аз дарс ба хона рафт ва пас аз муддате ба мо хабар расид, ки ӯ фавтидааст.Комрон Миразоров 14 октябри соли 1989 дар деҳаи Меҳвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рудакӣ аст. Соли 2012 тариқи квота ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳамзамон ҳамчун ассисенти кафедараи методикаи таълими биологияи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба кор пардохт. Аз соли 2015 то ба ҳол муаллими калони кафедраи фавқуззикр буд. “Ӯ роҳбари маҳфили "Биологони ҷавон" ва дастаи олимпии факултаи биология буд, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷойҳои аввал ва ҳатто Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро гирифтааст”, - гуфт ҳамкори ӯ. Комрон Миразоров тоза "Ифтихорномаи фахрӣ"-и раёсати донишгоҳ ва вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва соли 2018 нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" - ро гирифта буд. Дар мавзӯи "Синтез ва хосиятҳои биологии баъзе дипептидҳои триптофандор ва маҷмааҳои онҳо бо иони рӯҳ (II)" кори илмӣ мекард, ки барои ҳимояаш умр вафо накард.
https://sputnik.tj/20210706/afzalsho-shodiev-modar-darguzasht-1040671299.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102555/47/1025554722_295:0:2966:2003_1920x0_80_0_0_ad5d54ff7f015b277c0d3aa3fc574c9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт
30 – сола: марги нобаҳангоми як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи омӯзгорӣ
20:58 06.07.2021 (Навсозишуда: 17:42 07.07.2021) Комрон Миразоров, омӯзгори калони кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар синни 31-солагӣ аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 6 июл - Sputnik. Яке аз ҳамкорони ӯ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум дирӯз пас аз дарс ба хона рафт ва пас аз муддате ба мо хабар расид, ки ӯ фавтидааст.
“Фишорбаландӣ дошту халос. Яке аз омӯзгорони беҳтарини донишгоҳ буд. Шогирдонаш ҳар сол дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ мақоми аввалро мегирифтанд. Худаш низ як инсони неку меҳрубон буд. Мо як мутахассиси хубро аз даст додем”, - гуфт ӯ.
Комрон Миразоров 14 октябри соли 1989 дар деҳаи Меҳвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рудакӣ аст.
Соли 2012 тариқи квота ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳамзамон ҳамчун ассисенти кафедараи методикаи таълими биологияи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба кор пардохт.
Аз соли 2015 то ба ҳол муаллими калони кафедраи фавқуззикр буд.
“Ӯ роҳбари маҳфили "Биологони ҷавон" ва дастаи олимпии факултаи биология буд, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷойҳои аввал ва ҳатто Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро гирифтааст”, - гуфт ҳамкори ӯ.
Комрон Миразоров тоза "Ифтихорномаи фахрӣ"-и раёсати донишгоҳ ва вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва соли 2018 нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" - ро гирифта буд.
Дар мавзӯи "Синтез ва хосиятҳои биологии баъзе дипептидҳои триптофандор ва маҷмааҳои онҳо бо иони рӯҳ (II)" кори илмӣ мекард, ки барои ҳимояаш умр вафо накард.