Ҷаласаи вакилони Суғд: аз номивазкунӣ то тасдиқи рӯйхати корхонаҳои коммуналӣ

© Мақомоти вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, рӯзи 7 июл зимни ҷаласаи навбатияш тағйири номгузориҳоро дар вилоят баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik.Ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, рӯзи 7 июл даъват шудааст.
Тибқи иттилои ҳукумати Суғд, вакилони вилоят иҷрои вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро дар мавриди ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ хоҳанд кард. Вазифаҳо пеши ҳукуматҳои маҳаллӣ дар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори раиси вилоят дар бораи таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ гузошта шуда буданд.
Выборы президента в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Зарурати риояи қойидаҳои беҳдоштӣ: пурзур намудани чораҳои зидди коронаӣ дар Конибодом
Инчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ шунида хоҳад шуд ;
Вакил аз ҳавзаи интихоботии "Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ", №37 Комилӣ Камолҷон Ҳакимзода дар мавриди рафти иҷрои ваколати вакилӣ гузориш хоҳад дод.
Аз масъалаҳои дигари Маҷлиси вакилони Суғд, тасдиқи Феҳристи корхонаю муассисаҳои моликияти коммуналии вилоят мебошад.
Вакилон инчунин номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ дар қаламрави вилоятро баррасӣ мекунанду қарорҳои қаблан қабулкардаи раиси вилоятро тасдиқ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0