Фиреби шаҳрванди Эрон дар Душанбе: 25 ҳазор доллар ва "Тойота"-ашро гирифтанду надоданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкКомпания Toyota отзывает ряд автомобилей из-за неисправности
Компания Toyota отзывает ряд автомобилей из-за неисправности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Ба гуфтаи мард, нахуст мошинашро гирфтанд ва баъди 4 сол 25 ҳазор доллар маблағашро гирфитаву барнагардониданд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Як шаҳрванди Эрон дар Душанбе ба мақомоти милиса шикоят бурдааст, ки марде ӯро ба маблағи калон фиреб кардааст.
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Эрон марди 62-солаи муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
Ба қавли вай, соли 2007 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе марди 59-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Тойота”-ро ба маблағи 4 ҳазору 500-доллари амрикои нархгузори карда гирифта.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Захмӣ шудани як шаҳрванди Ӯзбекистон дар пайи садамаи калон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд
Харидор ҳамагӣ 600-доллари амрикоии арзиши мошинро дода, боқимонда 3 ҳазору 900-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин соли 2011, ҳамон мард аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Вазорати корҳои дохила менависад, тафтишоти ин қазияро оғоз кардааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст,.
Тавре дар аризаи шикоятии мард омадааст, моҳи декабри соли 2020, дар маҳаллаи Каленини шаҳри Душанбе марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 57 ҳазор сомониро гирифтааст.
Ӯ ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз руи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0