Эълони теъдод ва рӯзҳои мусобиқаи ҷудокорон дар Токио

© Федерация дзюдо Таджикистана Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Федератсияи байналмилалии ҷудо - IJF, рӯйхати ниҳоии иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро нашр кард
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 129 давлати 5 қитъа 391 варзишгар, аз ҷумла 199 мард, 192 зан иштирок мекунанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз қавли IJF.
Ба иттилои манбаъ, ин теъдод аз нақшаи пешбинишуда 5 нафар зиёд мебошад. Дар асоси низомнома, ки соли 2018 нашр шуд, ба Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи ҷудо бояд 386 нафар - 193 мард, 193 зан интихоб мегардиданд.
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки миёни ин 391 нафар 4 варзишгари тоҷик низ ҳастанд, ки 3 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов тавассути радабандии олимпии ҷаҳонӣ ва як нафар - Акмал Муродов тариқи радабандии олимпии қоравӣ имкони ширкат дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро пайдо намуданд.
"Қуръакашии мусобиқаи олимпии ҷудо 23 июл – дар рӯзи кушодашавии Бозиҳои олимпӣ сурат мегирад. Мусобиқа аз 24 то 31 июл доир мегардад. Ҳар рӯз варзишгарон дар як вазн миёни мардон ва як вазн миёни бонувон куштӣ мегиранд", - иттилоъ дод манбаъ.
Тими духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Пирӯзии тими духтарони навраси Тоҷикистон бар дастаи Афғонистон
Аз миёни варзишгарони Тоҷикистон нахуст Сомон Маҳмадбеков рӯзи 26 июл дар вазни -73 кило рӯи татамӣ мебарояд. Дар ин дараҷаи вазнӣ иштироки 36 нафар дар назар аст, ки аз ҳама зиёд мебошад. Рӯзи 27 июл Акмал Муродов дар вазни то 81 кило ҳамроҳи 33 нафари дигар барои медал талош хоҳад кард.
Сипас, 28 июл Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кило ҳунарнамоӣ мекунад, ки дар ин вазн 33 нафар ширкат мекунанд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило 30 июл, ҳамроҳи 21 нафари дигар қувваозмоӣ хоҳад кард.
Кумитаи олимпӣ афзуд, ки 31 июл рақобатҳои даставии омехта дар назар аст, ки миёни 11 тим сурат мегирад. Ҳар тим аз шаш нафар - 3 мард (-73кг, -90кг, +90кг) ва 3 зан (-57кг, -70кг, +70кг) иборат хоҳад буд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 доир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0