Боздиди раиси Суғд аз мактаби бунёдшавандаи “Оксфорд” дар Хуҷанд

© сомонаи ҳукумати СуғдМактаби "Оксфорд", ки дар шаҳри Хуҷанд бунёд мешавад
Мактаби Оксфорд, ки дар шаҳри Хуҷанд бунёд мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо ҷараёни сохтмони мактаби “Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ҳукумати Суғд мегӯяд, бинои мактаб бо тарҳи донишгоҳи маъруфу қадимаи "Оксфорд"- и Британияи кабир аз тарафи соҳибкор Саидмурод Давлатов сохта шуда, таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мактаби “Оксфорд” ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ сохта шуда, айни замон барои муҷаҳҳазонидани 28 синфхонаи он таҷҳизоти зарурӣ аз Олмону Туркия ворид карда шудааст.
Школьная доска, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Мактабҳо дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ дар Хатлон
Манбаъ афзуд, дар назар аст, ки мактаб дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба истифода дода шуда, 450 нафар ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Қаблан Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик, ки бо китобу дарсҳо дар мавриди тиҷорату пулёбӣ шинохта аст, изҳор дошта буд, ки то соли нави хониш дар шимоли Тоҷикистон мактаби Оксфордро фаъол месозад. Ба иттилои шаҳрдории Хуҷанд, дар соли хониши 2021-2022 муассисаи мазкур мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Давлатов таъкид карда буд, ки дар ин махзани таълимӣ усули таълими байналмиллалӣ ва замонавиро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0