https://sputnik.tj/20210706/bmt-bozori-arzi-tojikiston-dollaru-evro-rubl-1040672076.html
БМТ: дар бозори арзи Тоҷикистон доллару евро боз қимат шуду рубли русӣ арзон
БМТ: дар бозори арзи Тоҷикистон доллару евро боз қимат шуду рубли русӣ арзон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули амрикоӣ доллар пас аз поинравӣ боз тамоюли болоравиро нишон додааст
2021-07-06T10:40+0500
2021-07-06T10:40+0500
2021-07-06T10:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сомонӣ
бмт
арзиш
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_0:193:3072:1921_1920x0_80_0_0_783dc569f1579579df45e44d8fd88628.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 евро дар кишвар имрӯз 13.4369 сомонӣ муқаррар шудааст.Асъори аврупоӣ, ки дар рӯзҳои ахир тамоюли беқурбшавӣ дошт, аммо имрӯз қурби асъори аврупоӣ андаке боло рафтааст. Барои мисол дирӯз қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас поин рафта буд. Дар Тоҷикистон дирӯз як евро 13.4052 сомонӣ арзиш дошт. Аммо санаи 2 июли соли равон арзиши 1 евро дар Тоҷикистон 13,4336 сомонӣ муқаррар шуда буд.Асъори русӣ тайи чанд ҳафтаи ахир устувориро нишон дода буд, аммо имрӯз дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1540 сомонӣ арзиш дорад. Дирӯз дар бозор барои 1 рубли русӣ 0,1547 сомонӣ медоданд. Ин асъори хориҷӣ дар бозори арз тамоюли беқурбшавӣ нишон додаааст. Қурби доллар, ки ахиран андаке поин рафта буд, боз каме боло рафт. Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3220 сомонӣ муқаррар шудааст.Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3220 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.4369 то 13. 6000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1540 то 0.1565 сомонӣ муқаррар шудааст.Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20210311/Padrud-dollar-Rusiya-vobastagii-dollar-kam-dorad-1032981967.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_97fe861b53e3df6d34b960196e66c900.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бмт, қурб, доллар, рубл, евро, асъор, бозори арз
тоҷикистон, бмт, қурб, доллар, рубл, евро, асъор, бозори арз
БМТ: дар бозори арзи Тоҷикистон доллару евро боз қимат шуду рубли русӣ арзон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули амрикоӣ доллар пас аз поинравӣ боз тамоюли болоравиро нишон додааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 евро дар кишвар имрӯз 13.4369 сомонӣ муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ, ки дар рӯзҳои ахир тамоюли беқурбшавӣ дошт, аммо имрӯз қурби асъори аврупоӣ андаке боло рафтааст. Барои мисол дирӯз қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас поин рафта буд. Дар Тоҷикистон дирӯз як евро 13.4052 сомонӣ арзиш дошт. Аммо санаи 2 июли соли равон арзиши 1 евро дар Тоҷикистон 13,4336 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ тайи чанд ҳафтаи ахир устувориро нишон дода буд, аммо имрӯз дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1540 сомонӣ арзиш дорад. Дирӯз дар бозор барои 1 рубли русӣ 0,1547 сомонӣ медоданд. Ин асъори хориҷӣ дар бозори арз тамоюли беқурбшавӣ нишон додаааст.
Қурби доллар, ки ахиран андаке поин рафта буд, боз каме боло рафт. Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3220 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3220 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.4369 то 13. 6000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1540 то 0.1565 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.