Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вазорати тандурустӣ аз ду ҳолати нави фавт аз коронавирус хабар дод

© AP / Craig RuttleМедицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик
Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Обуна шудан
Бино бар иттилои расмӣ дар мавҷи дувуми коронавирус дар умум дар Тоҷикистон 5 тан аз ин вабои аср даргузаштанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироятёбӣ, шифо ва фавт аз коронаврусро нашр кард.
Тибқи иттилои расмии вазорат, дар як шабонарӯзи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон боз 2 нафар фавтидаанд. Дар умум шумораи қурбониёни вабои аср дар мавҷи дувуми вируси ковид ба 5 нафар ва аз соли гузашта ба 95 нафар расидааст.
Аммо расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз авали мавҷи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон дастикам аз 16 ҳолати марг аз ин вабои аср хабар доданд.
Ҳамчунин тайи як шабонурӯз 26 бемори нави коронавирус ошкор шуда, 17 кас шифо ёфтаанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мотам дар хонаводаи президент: модарарӯси Эмомалӣ Раҳмон даргузашт
Дар умум шумораи сироятёфтагон ба 13 623 нафар ва шифоёфтагон ба 13 382 нафар расидааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0