https://sputnik.tj/20210705/sibir-parvoz-dushanbe-vladivostok-1040665643.html
“Сибир” парвозҳо аз Душанбе ба Владивостокро қатъ кард
“Сибир” парвозҳо аз Душанбе ба Владивостокро қатъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии “Сибир” бо гузашти ду моҳ аз шурӯъи кор, парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе – Владивостокро қатъ намудааст 05.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-05T19:34+0500
2021-07-05T19:34+0500
2021-07-05T19:34+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102138/01/1021380183_0:136:2638:1620_1920x0_80_0_0_f0dc976ed8b92f3dc62dd1714af28780.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Аз намояндагии ширкати “Сибир” дар Тоҷикистон сабаби қатъ шудани парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Владивосток ё Шарқи Дурро шарҳ доданд. Як масъули ширкати “Сибир” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қиммати чиптае, ки аз сӯи Агентии авиатсияи гражданӣ муқарар шуда назар ба масофаи парвоз мувофиқат накард, балки зиёд хароҷотбор гардид, аз ҳамин хотир ширкат ба ин хулоса расид, ки парвозҳо дар ин масирро қатъ кунад.Бар иловаи ин, нархи хизматрасонии фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон дар замони падемияи COVID-19 то 40% баланд бардошта шуда, дар умум барои хизматрасонии як ҳавопаймо мусофирони чартерӣ ба 18 ҳазор доллар баробар шудааст, афзуд вай. Ширкати “Сибир” шурӯъ аз рӯзи 30 апрел парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Владивосток, ки дуртарин масири парвоз гуфта мешавад, ба роҳ монда буд. Он замон масъулони ширкат гуфта буданд, ки парвоз дар ин хатсайр 7, 5 соат анҷом дода мешавад ва аз ҳамин лиҳоз қиммати чипта ба фарқ аз дигар хатсайрҳо 9, 5 ҳазор сомонӣ аст. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ахиран чанд парвози ҳавопаймоиро, ки аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб ба расонидани мусофирон ба шаҳрҳои Русия машғуланд боз дошт ва аз масъулони ширкатҳо даъват намуд, ки қиммати чиптаро ба 500 доллар ё 5700 сомонӣ поён баранд. Ин даъвати Агентӣ ба хотири мусоидат ба шароити иқтисодии муҳоҷирони тоҷик гуфта мешавад. Аммо масъулони ширкатҳои ҳавонавардӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки агар масъулони Ситоди мубориза бо COVID -19 ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон барои кашонидани мусофирон дар ду самт иҷоза диҳанд, қиммати билет то 40% ё 300 доллар муодили 3420 сомонӣ поён хоҳад шуд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо зикри ин нукта таъкид меварзанд, ки зимнан қимати сафар аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ба Тошканди Ӯзбекистон бинобар ду самта сурат гирифтани парвози мусофирон дар муқоиса бо шаҳрҳои Тоҷикистон хеле арзон аст. Фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо тайёраҳои калонҳаҷм чӣ мушкил доранд?Дар ҳоли ҳозир парвозҳои чартерӣ дар Тоҷикистон як тарафа сурат мегирад. Ширкатҳои ҳавонавардии “Сибир”, “Уралские авиалинии” “Ют Эйр” ва “Севарний ветер” аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба ҷониби Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, танҳо ширкати “Сомон эйр” шаҳрвандони кишварро аз Русия ба Тоҷикистон мерасонад.
https://sputnik.tj/20210703/arzon-4125-somoni-raisi-agenti-narhi-chipta-parvoz-maskav-1040629219.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102138/01/1021380183_444:0:2604:1620_1920x0_80_0_0_a5ebeaa4fd029c2689ecc204813af9b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
“Сибир” парвозҳо аз Душанбе ба Владивостокро қатъ кард
Ширкати ҳавопаймоии “Сибир” бо гузашти ду моҳ аз шурӯъи кор, парвозҳои чартерӣ дар масири Душанбе – Владивостокро қатъ намудааст
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Аз намояндагии ширкати “Сибир” дар Тоҷикистон сабаби қатъ шудани парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Владивосток ё Шарқи Дурро шарҳ доданд.
Як масъули ширкати “Сибир” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қиммати чиптае, ки аз сӯи Агентии авиатсияи гражданӣ муқарар шуда назар ба масофаи парвоз мувофиқат накард, балки зиёд хароҷотбор гардид, аз ҳамин хотир ширкат ба ин хулоса расид, ки парвозҳо дар ин масирро қатъ кунад.
“Вақти парвоз миёни Душанбе – Владивосток 7, 5 соат буда, вақти тайкарда миёни Душанбе - Екатеринбург ҳамагӣ 2, 5 соат. Чигуна ин ду хатсайре, ки масофаи роҳ зиёд аст, нархи билет якхела бошад? ”, - гуфт манбаъ.
Бар иловаи ин, нархи хизматрасонии фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон дар замони падемияи COVID-19 то 40% баланд бардошта шуда, дар умум барои хизматрасонии як ҳавопаймо мусофирони чартерӣ ба 18 ҳазор доллар баробар шудааст, афзуд вай.
Ширкати “Сибир” шурӯъ аз рӯзи 30 апрел парвозҳои чартерӣ аз Душанбе ба Владивосток, ки дуртарин масири парвоз гуфта мешавад, ба роҳ монда буд.
Он замон масъулони ширкат гуфта буданд, ки парвоз дар ин хатсайр 7, 5 соат анҷом дода мешавад ва аз ҳамин лиҳоз қиммати чипта ба фарқ аз дигар хатсайрҳо 9, 5 ҳазор сомонӣ аст.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ахиран чанд парвози ҳавопаймоиро, ки аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Кӯлоб ба расонидани мусофирон ба шаҳрҳои Русия машғуланд боз дошт ва аз масъулони ширкатҳо даъват намуд, ки қиммати чиптаро ба 500 доллар ё 5700 сомонӣ поён баранд.
Ин даъвати Агентӣ ба хотири мусоидат ба шароити иқтисодии муҳоҷирони тоҷик гуфта мешавад.
Аммо масъулони ширкатҳои ҳавонавардӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки агар масъулони Ситоди мубориза бо COVID -19 ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон барои кашонидани мусофирон дар ду самт иҷоза диҳанд, қиммати билет то 40% ё 300 доллар муодили 3420 сомонӣ поён хоҳад шуд.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо зикри ин нукта таъкид меварзанд, ки зимнан қимати сафар аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ба Тошканди Ӯзбекистон бинобар ду самта сурат гирифтани парвози мусофирон дар муқоиса бо шаҳрҳои Тоҷикистон хеле арзон аст.
Дар ҳоли ҳозир парвозҳои чартерӣ дар Тоҷикистон як тарафа сурат мегирад.
Ширкатҳои ҳавонавардии “Сибир”, “Уралские авиалинии” “Ют Эйр” ва “Севарний ветер” аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба ҷониби Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, танҳо ширкати “Сомон эйр” шаҳрвандони кишварро аз Русия ба Тоҷикистон мерасонад.